Бахшҳо
21 ноя 2012 06:29Хабарҳои ҷаҳон

«Спартак» имкони идомаи сабқатро аз даст дод

Шоми дирӯз, 20-уми ноябри соли равон даври 5-уми бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо оғоз гардида, айни ҳол идома дорад.

Дастаи «Спартак»-и Русия дар майдони худ аз дастаи «Барселона»-и Испания бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Пас аз ин дидор Спартак ба пуррагӣ имконияташро аз идомаи рақобатҳо дар сабқати Лигаи Аврупо аз даст дод. Акнун русҳо рӯзи 4-уми декабр охирин бозии худро дар меҳмонӣ бо португалиҳо анҷом медиҳанд, ки гуфта мешавад натиҷаи ин бозӣ барои «Спартак» аҳамият надорад, вале барои «Селтик»-и Шотландия ин вохӯрӣ ҳалкунанда маҳсуб меёбад.

Дар бозии дигар, дастаи «Селтик» дар сафар аз тими «Бенифик» бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб гардид. Пас аз ин бозӣ португалиҳо низ мисли шотландиҳо имкон пайдо карданд, то барои баромадан ба мавсими баҳории Лигаи қаҳрамонҳо бо ҳарифонашон талош намоянд. Ҳоло дар гуруҳи «Ё» «Барселона»-и Испания бо 12 хол, «Селтик»-и Шотландия ва «Бенфика»-и Португалия бо 7 хол ва «Спартак»-и Русия соҳиби 3 имтиёзӣ мебошанд.

Дар гурӯҳи «Д» бошад дастаи «Шахтёр»-и Украина дар сафар бар тими  «Нордшелланд»-и Дания бо ҳисоби 5 бар 2 дастболо шуд. Дастаи «Ювентус»-и Италия дар майдони худ дастаи «Челсӣ»-и Лондонро бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб намуд. Феълан дар ҷадвали мусобиқот Шахтиёр 10, Ювентус 9, Челсӣ 7 ва Нордшелланд 1 имтиёзӣ доранд.

Бозии гуруҳи «Е», байни дастаҳои «БАТЭ»-и  Белорусия ва «Лилл»-и Фаронса бо ҳисоби 2 бар сифр ба фоидаи меҳмонон-дастаи «Лилл» хотима ёфт. Бозии  «Валенсия»-и Испания бо «Бавария»-и Олмон мусовӣ 1:1 анҷом ёфт. Дар гурӯҳи мазкур «Бавария», «Валенсия» соҳиби 10 имтиёзӣ буда, «БАТЭ» 6 ва Лилл бо 3 имтиёзӣ ба даст овардаанд.

Сабқат дар гурӯҳи  «Ж», низ пуршиддат сурат гирифт. Тими «Галатасарай»-и Туркия бар дастаи «Манчестер Юнайтед»-и Англия бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуд. Дастаи «Брага»-и Португалия дар меҳмонӣ аз «Кулжи»-и Руминия бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст хӯрд. Дар гурӯҳи мазкур «Манчестер Юнайтед»-12, «Галатасарай» ва  «Кулжи» 7 ва «Брага» 3 имтиёзиро соҳибанд.

Шоми имрӯз дар доираи даври 5-уми Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо 16 дастаи дигар, аз ҷумла дастаҳои Порту» (Португалия) -  «Динамо» (Хорватия), «Динамо» (Киев)  - «ПСЖ» (Фаронса), «Шалке» (Олмон)- «Олимпиакос» (Юнон), «Андерлехт» (Белгия)- «Милан» (Италия), «Зенит» (Русия) - «Малага» (Испания),  «Аякс»-и (Ҳоланд) - «Борусия» (Олмон), «Манчестер С» (Англия) «Реал М»  (Испания) бо ҳам рақобат мекунанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)