Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 25 май 2017, 02:37

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон озими Русия мешавад

21 ноябр 2012, 10:28

Шоми имрӯз, 21-уми ноябр ҳайати расмии парламентии Тоҷикистон, ки ба он аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон шомил ҳастанд, ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар мекунанд.

Тавре ба Озодагон аз хадамоти матбуотии МН иттилоъ доданд, ҳайати мазкурро Шукурҷон Зуҳуров, роҳбари палатаи поёнии мамлакат сарварӣ менамояд. Манбаъ мегӯяд, онҳо дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, иҷлосияи умумии 38-уми ин созмон, ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, конфронси байналмиллалӣ дар мавзӯи «Ҷаҳони Чингиз Айтматов: якпорчагӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо» ва кушодашавии намоишгох бахшида ба осори Чингиз Айтматов ва ҳамоиши илмии Авруосиёӣ дар мавзӯи  «Якпорчагии иқтисодии Авруосиё: ташаккул ва рушд» иштирок менамоянд.

Ҳамчунин дар назар аст, ки раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров зимни ин сафар бо раисони парлумонҳои як қатор кишварҳо дидору мулоқотҳо анҷом медиҳад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!