Ҳайати Ҳизби Наҳзатии Исломии Тоҷикистон бо раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ҷиҳати ширкат дар 7- умин ассамблеяи Генералии Форуми аҳзоби сиёсии Осиё, ки рӯзҳои 22-23 ноябр дар Боку баргузор мегардад, ба Озарбойҷон сафар кард
Тавре Ҳикматулло Сайфуллозода, масъули дастгоҳи ҲНИТ ба Озодагон иттилоъ дод, нишасти мазкур аз ҷониби ҳизби ҳокими «Озарбойҷони нав» мизбонӣ мешавад ва дар кори он намояндагони бештар аз 100 аҳзоби сиёсии Осиё, Аврупо ва созмонҳои байналмиллалӣ ширкат менамоянд. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар ифтитоҳи Ассамблеяи аҳзоби сиёсии Осиё ширкат ва суханронӣ хоҳад дошт. Аз ҷониби Тоҷикистон интизор меравад, ки Муҳиддин Кабирӣ дар яке аз ҷаласаҳои ин Ассамблея баромад кунад.
Маврид ба тазаккур аст, ки ҲНИТ аз соли 2004 узвияти ин Форуми байналмиллалии аҳзоби сиёсиро дорад ва пайваста дар ин гуна нишастҳо ширкат менамояд. М.Кабирӣ дар яке аз ҷаласаҳои ин Ассамблея суханронӣ хоҳад кард.
Мӯҳр