Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:07

Ҷанозаи домулло Муҳаммадии қумсангирӣ фардо баргузор мешавад

22 ноябр 2012, 07:15

Риштаи умри яке аз олимони дини ислом, рӯҳонии бонуфузи Тоҷикистон, домулло Муҳаммадии қумсангирӣ (Саидаҳмадов) дар синни 90 солагӣ канда шуд.

Тавре Саъдӣ Дагӣ, яке аз шогирдони домуллои марҳум  ба Озодагон иттилоъ дод, вақтҳои ахир мулло Муҳаммадӣ аз бемории тӯлонӣ азият мекашид ва субҳи имрӯз (22-юми ноябр) дар манзили зисташ- деҳаи Қизил Нишон аз дунё даргузашт. Гуфта мешавад, домулло Муҳаммадӣ аз фарзандони шайх Сайид Аҳмад аст, ки дар қаламрави Ҳойити водии  Қаротегин ба дунё омадааст.

Саводи ибтидоӣ ва дониши аввалияи диниро ӯ аз олимони маъруфи давр, мисли Қозӣ Абдурашид гирифтааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамроҳи ҳазорҳо тан гурезагони тоҷик тарки кишвар карда, ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон рафта буд.  

Ҷанозаи домулло Муҳаммадӣ фардо, 23-юми ноябр, баъди намози ҷумъа дар масҷиде, ки худи ӯ дар эъмораш нақши муассир дошт, баргузор мешавад.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!