Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:03

Корея ба тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон умед мебандад

22 ноябр 2012, 09:20

Махфират Хидирова, муовини раиси кумитаи МН оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон бо сафири Корея дар Тоҷикистон Ҷон Деван мулоқот кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар, аснои нишаст масъалаи таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни ду давлат ба баррасӣ гирифта шуд. Хидирова дар сӯҳбат бо дипломат гуфт, мо ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо парлумонҳои ҷумҳуриҳое, ки хостори барқарор намудани робитаҳои парлумонӣ бо кишвари моро доранд, ҳастем ва дар доираи ин тасмим байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва парлумонҳои кишварҳои дигар, аз ҷумла Ҷумҳурии Корея гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дода шудааст.  

Ҳамзамон, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба мавриди амал қарор гирифтани қарордодҳои имзошудаи байни ду кишвар изҳори назар намуда, аз ҷумла таъкид кард, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон раванди ба иҷро даромадани тамоми созишномаҳои ҳамкорие, ки бо мамлакатҳои дигар, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Корея ба имзо расида ва аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ шудаанд, зери назар гирифта, аз ҷараёни иҷрои он бохабар аст.

Дар навбати худ, сафири Корея, ҷаноби Ҷон Деван аз раванди ҳамкориҳои байнипарлумонии кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон хостори тақвияти ҳарчи бештари ин муносибот шуд: «Мо аз мавҷуд будани гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни парлумонҳои кишварҳоямон хушҳол ҳастем, аммо ба назари мо, имрӯз замони он расидааст, ки доманаи ин равобит ҳар чӣ бештар васеъ бошад».      


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!