Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:34

Журналистон дар бораи ҳуқуқи кӯдакон огоҳии кофӣ надоранд

22 ноябр 2012, 09:33

Ҳуқуқи кӯдак ва мавзӯъи марбут ба он аз ҷумла масоилест, ки рӯзноманигорони ватанӣ ба он камтар таваҷҷӯҳ доранд.

Ин нукта дар як нишасти ҷомеъаи журналистии кишвар, ки имрӯз дар бинои «Шарқи озод» сурат гирифт, аз ҷониби масъулини созмонҳои журналистӣ иброз гардид. Сафо Сафаров, роҳбари ташкилоти «Мактаби мустақили рӯзноманигорӣ-асри 21» мегӯяд,  миёни расонаҳои электронию чопии Тоҷикистон,ки барои кӯдакон мавод чоп мекунанд, матолиб кам нест: «Вале, муттасифона, муаллифон аксар вақт оиди масоили ҳуқуқи кӯдак огоҳии кофӣ надоранд. Дар маводҳои онҳо ифодаҳои ноҷоиз ва ифшои шахсияти кӯдаконе мушоҳида карда мешавад, ки дар низоъ бо қонун мебошанд».

Ба гуфти ширкатдорони ҳамойиши «ВАО ва ҳуқуқи кӯдак» дар бархе аз маводҳо акси кӯдаконе ба нашр мерасад, ки эҳтимолияти бегуноҳии онҳо ҳанӯз мавҷуд аст. Ин омил сабаби мавқеъи айбдоркунандаро ишғол кардани журналистон мешавад ва боиси доғгузорӣ ба номи кӯдак мегардад.   


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!