Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:48

Ҷанозаи домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ имрӯз ба хок супорида мешавад

22 ноябр 2012, 11:18

Ин дар ҳолест, ки яке аз шогирдони марҳум ба Озодагон иттилоъ дода буд, ки маросими ба хок супоридани рӯҳонии маъруфи кишвар фардо, 23-юми ноябр пас аз адои намози ҷумъа сурат мепазирад.

Фазлуллоҳи Муҳаммадӣ, фарзанди домулло Муҳамамадӣ дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар ҳақиқат тасмим ин буд, ки маросими хоксупорӣ рӯзи ҷумъа сурат бигирад, вале имрӯз мақомоти ноҳия гуфтаанд, беҳтар аст, ки ин маросим рӯзи панҷшанбе доир шавад.Номбурда сабаби ин тағйиротро шарҳ дода гуфтааст, ки мақомоти ҳукумати кишвар иброз доштаанд, ки агар рӯзи ҷумъа маросими хоксупорӣ сурат гирад, ҳамаи имомхатибҳо ба маросими дафн мераванд ва ҳангоми намози ҷумъаи рӯзи 23-юми ноябр, масҷидҳо холӣ мемонанд.   

Ба иттилои Маркази исломии Тоҷикистон, домулло Муҳаммадӣ дар тарбияи даҳҳо шогирдони улуми исломӣ нақши муҳим дорад. Домулло Муҳаммадӣ писари шайх Сайид Аҳмад соли 1925 дар Ҳоити водии Қаротегин тавалуд шудааст. Ӯ маълумоти ибтидоии диниро дар назди руҳониёни маъруф, аз ҷумла домулло Абдурашид гирифтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!