Бахшҳо

Кӯлоб: Ҷоми СССР-2012 ғолибро интизор аст

Имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб мусобиқаи умумиҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни наврасони то синни 16-сола барои гирифтани Ҷоми СССР-2012  ифтитоҳ ёфт.

Дар маросими кушодашавии он, Нуралӣ Хоркашов, масъули федератсияи футболи ҶТ, Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи СССР ва намояндагони Кумитаи сайёҳӣ ва варзиши вилояти Хатлона шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд. Бояд гуфт, ин ҷоиза 4 сол муқаддам бо ибтикори нашрияи СССР ва федератсияи футболи ҷумҳурӣ ташкил ёфта, дар он футболбозони навраси то сини 16-сола аз ҳамаи шаҳру навоҳӣ ҳуқуқи ширкат кардаро доранд. Воқеан, барои нахустин маротиба аст дар кишвар, ки миёни наврасон бозии професионалии футбол гузаронида мешавад. Дар нахустин сабқат мактаби олии ҷумҳуриявии маҳорати варзишии шаҳри Душанбе ғолиб омада, соле баъд футболбозони Вахш соҳиби медалҳои хурди тиллоии Ҷоми СССР гаштанд, соли гузашта бошад, тими «Равшан»-и Кӯлоб ғолиби мусобиқа шуд.

Бино ба қавли хабарнигори Озодагон, дар мусобиқаи имсола шаш даста аз шаҳрҳои Душанбеву Норак ва Кӯлоб, инчунин дастаҳои навоҳии минтақаи Кӯлоб ширкат менамоянд.Ба мусобиқа футболбозони суғдӣ ҳам даъват гашта буданд, аммо  бо сабабҳои номаълум иштирок надоранд. Сайёфи Мизроб, масъули баргузории мусобиқот буҷаи баргузории Ҷоми СССР-2012  95-ҳазор сомонӣ арзёбӣ карда, иброз дошт, ки ин маблағ барои тӯҳфаҳои хотиравӣ, ҳаққи истиқомат дар меҳмонхона, хӯрокворӣ ва нақлиёт масраф мешавад.   

Айни замон дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб  ва «Барқ»-и Норак бо ҳам қувваозмоӣ доранд. Баъди даври якуми бозӣ, ҳисоб 2:0 ба фоидаи наврасони кӯлобӣ аст.




Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)