Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:15

Стратегияи баландбардории некӯаҳволии сокинон барои солҳои 2013-2015

22 ноябр 2012, 12:02

Дар Душанбе миёни коршиносон ва масъулини Вазорати рушди иқтисоуд ва савдои кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз вазорати номбурда ба Озодагон иттиллоъ доданд, зимни ин нишаст Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо ҳадафҳои «Стратегияи баландбардории некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015»-ро муаррифӣ карда, таъкид намуд, ки мақсади стратегияи мазкур  идома додани раванди коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои устуворгардонӣ ва афзоиши теъдоди табақаи миёна мебошад.

Дар ҷараёни муаррифии ин стратегия ҳамзамон қайд гардид, ки тибқи сенарияи эҳтимолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 38,3%-и соли 2012 то ба 31,5% дар соли 2015 коҳиш ёфта, сатҳи табақаи миёна (тибқи меъёри байналмилалӣ) мутаносибан аз 19,5% то ба 29,4% расонида мешавад. Дар анҷом оид ба мӯҳтавои стратегияи мазкур аъзои гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз нуқтаи назари хешро баён намуданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!