Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:12

Таққалубкорӣ дар хариду фурӯши манзили зист дар Душанбе

17 июн 2011, 05:23

Ду нафар бо ҷурми таққалуби аснод ва ҳаннотӣ боздошт гардиданд.

Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати корҳои дохила иттилоъ доданд, Дилшода Шокироваи 33-сола, сокини ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даст ба таққалуби ҳуҷҷат зада, ширкати қарздиҳиро фиреб додааст. Тафтиш муайян кардааст, ки номбурда дар моҳи июни соли 2009  бо мақсади тасарруф намудани амволи ғайр бо ёрии шахсони дар тафтишот номаълум шаходатнома дар бораи қонунигардонии молу мулк таҳти рақами  ¹3989 сохтааст.   Зимнан, шиносномаи техникӣ ба номи шаҳрванд Умеда Ҷалилова     барои манзили истиқоматӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ хонаи 166, ҳуҷраи 47  омода кардааст. Сипас, Шокирова ҳуҷҷатҳои қалбакиро ба шакли гарави бозпасгардонии маблағи қарзӣ ба ҶСП «Вориси Замон» пешниҳод намуда, аз бонки мазкур 150.000 сомониро ба сифати қарз гирифта, сарфи маишати шахсияш кардааст.

Сӯҳроб Сафолов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ низ даст ба ҳаннотӣ зада, дар соли 2008 ба боварии шаҳрванд Ядвига Охунова даромада, манзили зисти ӯро 65.000 доллари амрикоӣ нархгузорӣ мекунад.Аз ин миқдор танҳо 15 ҳазорашро пардохт карда, хонаи ӯро бо суроғаи кӯчаи Испечак-2, М-13 ба номи худаш расмӣ мекунад. Сафаров тайи 3 соли ахир маблағи боқимондаро насупоридаааст. Феълан, ӯ аз ҷониби кормандони мақомоти интизомӣ боздошт шуда, тафтиши қазия идома дорад.

 

{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!