Бахшҳо
23 ноя 2012 06:53Адабиёт

Чӣ СОН НАСӯЗАМУ НАНОЛАМ, КИ…

Рӯзи дафни бузургвор Муҳаммадҷони Шакурӣ профессор Худоӣ Шарифов наздам омаданду гуфтанд:-Шумо чаро дар марги устод гиря мекунед? Устод 88 сол ( дар ҳуҷҷатҳо ду сол хурд гузаштаанд- Ю.А) умр дида? панҷоҳ китоб навишта, ҳама унвону дараҷаҳои илмиро гирифта, ба ҳама орзую армонҳои дилашон расида, фарзандону шогирдони зиёди ба мисли худашон бузургро тарбия карданд ва ҳар коре, ки як олими бузург ва нобиға барои халқу Ватани азизаш анҷом медиҳад, ба ваҷҳи аҳсан иҷро карданд. Акнун мӯҳлати дар рӯи замин зистан ба итмом расидаасту ба абадият пайвастан мехоҳад. Чӣ кунем, ки қонуни зиндагӣ чунин аст.Гуфтам:- Бале, ҳар ки зода шуд, мемирад. Устоди мову Шумо чунон зистанду пойкор карданд, ки имрӯз бояд ҳама бигирянду ӯ хандон бошад :

Дар марги наҷибзода ва олитабор, аллома Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ

Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,
Шамъ чун  хомӯш гардад, доғи маҳфил мешавад.

Ман беш аз панҷоҳ (аз соли 1961) соли ҳамкорӣ, ҳамроҳӣ, ҳамнишинӣ… ва ва гоҳо ҳаммуаллифиро бо устоди яктоям  пеши назар меорам ва эҳсос мекунаму мебинам, ки ин бузургвор дар олами илму адабу фарҳанг, дар сиришту тафаккури мардуми мо чӣ таҳрикҳое ба роҳ андохтаву чӣ навъ анъанаҳои бузурги маорифпарварию равшангароӣ, ҳақгӯӣ, эҳёгарии шууру ғояву забону адабиёту фарҳанги миллии саромадони ҳаракати маорифпарварӣ Аҳмади Дониш ва устод Айниро содиқона, дилсӯзона ва суботкорона идома бахшиду ба зинаҳои баланд бардошт, худогоҳию хештаншиносоиро ба илм табдил дод ва хештанро чун як шахси фидоию ҷонсӯзу ғамхори халқу Ватан муаррифӣ кард. Ман бо ду чашми сарам дидам, ки устоди беназир аз ғами ин миллати бузурги бисёр ҷабри таърих дидаю шикастҳо, зарбу латҳо хӯрда лаҳзае орому ғофил набуданд. Дар ҳама ҳолату вазъият қалам дар даст алайҳи душманони миллату ватани азизашон устувору матин буданд ва беҳтарин соатҳои умрашонро дар роҳи шифо бахшидани дардҳои носури миллат, дар хизматгузорӣ ба мардуми корафтодаи бепушту паноҳ, ба сағирагону бечорагон, ба онҳое, ки воқеан завқи солиму ақли даррок, донишу ҳунари истеъдоди офаридгорӣ доранд, масраф кардаанд. Заруртарин кори хешро як сӯ гузошта кори дигарон кардаанд ва ниҳоят, устод умуман барои хитмадгузорӣ ба мардум зода шудаанд.

Муҳаммадҷон Шакурӣ тавассути шахсияти нотакрору хизматҳои бузургашон дар илми ватанӣ ва фарҳанг, тавассути шогирднавозӣ, тарбияи кадрҳои шоистаи илмӣ, тавассути одамияти баланду қалбу нияту пиндори неку пок ва бештар аз ҳама тавассути асарҳои бузургу пурмуҳтавою арзишмандашон дар ҳар фарди хонадони тоҷик, ки нисбат ба сарнавишти миллаташ бетафовут нест, ҷой гирифтаву маскан кардаанд.

Аксари мардуме, ки барои видоъ бо устод ба роҳи охирин ҷамъ омада буданд, ҳама шогирдону иродатмандону муридону дилбохтагони устоду осорашон буданд ва агар дар байни ин ҷамъомадагон «бегона»-е бошад, касест, ки асарҳои ӯро хондаасту ин осори пурқиматро дар китобхонаи шахсиаш барои фардоиён маҳфуз медорад. Асли шӯҳрат, эҳтирому садоқату самимияту арҷгузорӣ низ ҳамин будааст.

Шумо дар байни ин анбуҳи мардум маъмурони баландпояи давлатиро, ки барояшон чунин ашхоси нобиға бояд намунаи ибрату боиси ифтихор бошад, намебинед. Зеро онҳо ҳоло ба дарку арҷгузории бузургон нарасидаанд. Албатта, устод ва ҳар кадоми мо на барои сарвароне, ки меоянду мераванд, балки барои Ватану миллат хизмат кардаему мекунем ва аз омаду рафти онҳо ҳосиле нест, вале чун мо аксарият ҳастем, агар набошем, он аққалият ба хотири кию чӣ арзи вуҷуд мекунанду барои кӣ ҳастанд?

Ману Шумо шаб аз тариқи телевизиони Тоҷикистон хабари марги устодро дар се ҷумлаи бедарду парканда шунидем. Магар қадру манзалати чунин бузургони миллат пеши сарварони васоили ахбори оммаи давлатӣ, бахусус телевизион ба ҳамин пояи паст аст? Оё шахсе, ки матни мотамномаи устодро ба ин шакл кӯтоҳ ва «таҳрир» кардааст, боре китоб хондааст? Агар мехонд, чунин муносибати беэҳтиромиро нисбат ба шахсияти ӯ зоҳир намекард.

Ман бисёр мехостам, ки видоъи охирин ва маҷлиси мотами устод дар толори бузурги Академияи улуми Тоҷикистон, ки шаст соли умрашон дар ҳамин бино бо иншои бузургтарин асарҳо, доир кардани баҳсҳои илмӣ ва роҳнамоӣ ба шогирдон сипарӣ шудааст, ё дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки 56 сол узви ин иттифоқ буда, аз пуркортарин, барҷастатарину фаъолтарин узви он маҳсуб мешаванд ва ё толорҳои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ё Театри давлатии драмавии ба номи устод Лоҳутӣ, ки беҳтарин навиштаҳои устод дар хусуси аҳволу осори чунин нобиғаю алломаҳои замон аст, доир мегардид ва халқи қадршиноси тоҷик медид, ки давлати демократию соҳибистиқлоли мо фарзандони арҷмандашро то кадом андоза қадршиносӣ мекунаду рӯҳу арвоҳашонро пок медоранду ба эшон арҷ мегузоранд.

Ҳар рӯзу ҳар соат шабакаҳои телевизиони тоҷик марги ифротиёну терористону ҷангиён ва кушандагони мардуми бегуноҳро дар кишварҳои мухталиф гаштаю баргашта намоиш медиҳанд, вале аз намоиши маросими дафни як фарҳангсолори беназир сарфи назар карданд, то хонанда ва шунавандаи тоҷик аз марги муаллифи китобҳои дарсӣ ва рисолаҳои нотакрори илмии ӯ огоҳ набошад ва надонад, ки ин покниҳод кай ва дар куҷо маскани охирин гирифт. Солҳои охирини умр бар асари сернамии утоқи зисташон устод сахт мариз шуданд ва духтурони ҳозиқ тавсия доданд, ки ин хона бояд ба табақаҳои дуюм ё сеюми офтобрӯя иваз карда шавад. Муроҷиати чандинкаратаи устод дар бораи иваз намудани хонаашон ба хонаи дигар ба мақомоти марбута   натиҷа набахшид. Ба мактубашон ба забони русӣ ҷавоб омад, ки «Плошадь позволяет» (ҳаҷми хона барои зист басанда аст).

Ҳол он ки мардум медонанд, ки дар пойтахт ба киҳо хонаҳои ройгони барҳаво медиҳанд. Вале хонаи падари миллатро иваз кардан нахостанд. Ҳатто барои истифода аз баландгӯяк, ки овози нотиқони лаҳзаи видоъро ба гӯши ҳозирин бирасонад, иҷозат надоданд, то мабодо, ки садои баланд боиси озору ранҷиши ҳамсоягон гардад. Устод як фарди ҳалим, мисли фаришта беозор зистанд ва рӯзи дафнашон низ ҳамчунон шуд. Аз ҳамаи онҳое, ки дар маҷлиси мотами ин нобиғаи замон сухан гуфтанд, ман танҳо суханронии пурдарду мотамолудаи сафири Ҷумҳурии исломии Эрон, ҷаноби оқои Алиасғари Шердӯстро, ки кишвараш барои ҷарроҳӣ ва табобати устод хидмати бузурге анҷом дад ва камидар кам 5 соли умри ӯро тӯлонитар гардонид, шунидам, ки мегуфт: Раиси Ҷумҳури исломии Эрон ҷаноби Аҳмадинажод ба Раиси ҷумҳури мо ҷаноби  Эмомалӣ Раҳмон аз марги нобаҳангоми устод Шакурӣ изҳори тасаллият кардааст. Ҳамсоягон бузургони моро хуб мешиносанду арҷ мегузоранд, вале худамон ононро намешиносем. Э, вой бар  мо!

Сазовор ва арзанда мебуд, ки агар рӯзи дафни устод Шакуриро рӯзи мотами миллӣ эълон мекардем. Кӣ медонад, баъди чандсад сол модари тоҷик Муҳаммадҷони Шакурии дигаре  мезояд?

Устоди гаронқадри мо қабл аз ҳама адабиётшинос ва мунаққиди адабии яктою нотакрори адабиёти даврони Шӯравии тоҷик буданд ва наметавон касеро ҳамтою ҳампои ӯ пиндошту донист. Ин бузургвор соҳиби тафаккуру биниши хоси худ ва дар олами илм касеро такрор намекарданд, адабиётшиносу муҳаққиқе буданд, ки ҳар навию навгоние дар адабиётшиносию нақди адабии Шӯравӣ ва ҷаҳон рух дода аввалқадам дар Тоҷикистон дар навиштаҳои ӯ акс меандохтанд ва ба ин маънӣ устод миёнҷии байни адабиётшиносию нақди адабии аврупою тоҷикӣ маҳсуб мешуданд. Ин ҳама сифатҳои фардӣ ва нотакрор аз соҳиби мактаби хоси илмӣ будани устод башорат медиҳад. Моҳияти ин мактаб аз биниши амиқу тоза ба ҷавҳару асли асари бадеӣ ва моҳияти иҷтимоию фалсафии он, ба сатҳи бинишу гӯиш, гуфтору навиштор, ифшои таносубу вобастагии ҳақиқати ҳаёту адабиёт, анъана ва навоварӣ, халқияти адабиёт, диди зебоипарастии халқ ва тасвири он дар адабиёти бадеӣ, инчунин ифшои ҳунару истеъдоди нигоранда, забону тарзу сабки байни ӯ ва амсоли ин ташкил медиҳанд. Нахустин дастовард ва моҳияти ин мактабро китоби пурарзиши «Анъана, халқият ва маҳорат» (1964) ташкил дода буд, ки он барои дар адабиётшиносӣ сухани нав буданаш соли 1965 ба дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ пешбарӣ шуда буд. Минбаъд ин масъалаҳо, минҷумла масоили марбут ба анъана ва навоварӣ, худогоҳию хештаншиносӣ, мактаби одамият будани адабиёт, бонии забон будани адибон ва амсоли ин аз масъалаҳои марказии ин мактаби илмӣ қарор гирифтанд. Аз ин пас асарҳои пурмоя ва навоваронаи устод аз қабили «Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ (1966), «Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ» (1973), «Паҳлуҳои татқиқи бадеӣ» (1976), «Насри солҳои 1945-1974. Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (ҷилди 4, 1980), «Пайванди замонҳо ва халқҳо» (1982). «Таҷаддуд (Обновление). Имрӯзи насри  тоҷикӣ» (М. 1986, ба забони русӣ), «Мактаби одамият» (1991), «Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист» (2006) ва амсоли ин ҳар кадом дар илми адабиётшиносии тоҷик сухани нав ва гардиши тоза буда, барои адабиётшиносони ҷавон намунаи ибрату мактаби омӯшу пайравӣ буданд ва дар равнақу инкишоф ва ташаккули илмию худогоҳии мардуми мо нақши муассир гузоштаанд. Устод Шакурӣ, дар ин китобҳо зина ба зина ба таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои мубрами худшиносию худогоҳии миллӣ камар баста, халқи моро ба зарурати соҳиб шудан ба истиқлолияти миллӣ омодаю сафарбар мекард. Ва чун истиқлолияти давлатӣ барои тоҷикон фаро расид (9 сентябри соли 1991), устод Шакурӣ боз ҳам бо шумули нахустин муҳаққиқоне маҳсуб мешуданд, ки ба ин масъалаҳои мубрами миллатсозӣ ҷиддитару мушахастар камар баста буданд. Дар ин замина пайиҳам китобҳои тақдирсози «Хуросон аст ин ҷо» (1996, 1997 ба ҳуруфоти форсӣ ва сирилик), «Истиқлолият ва худшиносии иҷтимоиву маънавӣ» (1999), «Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ» (2002), «Садри Бухоро» (чопи дувум 2005), «Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист» (2006), «Равшангари бузург» (2006), «Забони миллӣ ва ҷаҳонгароӣ» (2010), «Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон» (2012) ба майдон омада, матолибу масоили мубрами бунёди давлати миллиро матраҳ ва тарҳрезӣ мекарданд. Ҳадафи асосии «Хуросон аст ин ҷо» ва рисолаҳои баъдӣ консепсиони миллии инкишофи халқи тоҷик ва ояндаи неки он аст. Дар ин асар маънавиёт ва забон, ки пояҳои устувору пойдори ҳастии миллат ва масоили марказии худогоҳию худшиносианд, басо амиқу дақиқу мукамал таҳқиқ шудаанд. Муаллиф гаштаю баргашта таъкид кардааст, ки маънавиёт ва забон дар таърих омили сарнавиштсозанду ҳастии миллӣ қабл аз ҳама дар маънавиёту фарҳанг ва забон ифода меёбад. Маънавиёт раҳнамои миллат аст ва ҳама моддиёт бояд аз маънавиёт маншаъ бигирад. Ин асарҳои арзишманд дар бедорию боло рафтани шууру ғоя (идея)-и миллӣ ва худшиносию худогоҳии тоҷикон нақши муассир ва барҷаста доштанду доранд.

Барои он ки ба муҳтаво ва арзиши «Хуросон аст ин ҷо» беҳтару хубтару амиқтар огоҳу ворид шавем, бояд боз як бори дигар сарсухани ҷигархункунандаю  дилафгори ба ин китоб навиштаи бузургвор Лоиқро мутолиа намоем. Бо синаи бирёну ҷигари пора-пораю чашмони хунбор дарк хоҳем кард, ки ин ҳарду чӣ қадар бузургу  ғамшарики ҳамдигар буданду дар сари қисмату сарнавишту муқаддасоти таърихии халқи муаззами тоҷик чӣ навъ дарку таъбир мекунанду ба он арҷ мегузоранд.

Гӯё натиҷа ё ҳосили тамоми фаъолияту талошҳои тӯлони миллатсозӣ ва ифшои охирин дардҳои носуру нуҳуфтаи миллии устоди номвар дар охирин китоби эшон «Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон» фароҳам омадаст. Мо шоҳид будем, ки чашмашон сари чопи ин китоб чор буд, ҳар рӯз мисли фарзандонашон, аз дари хона ворид шудани ин китобро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Лаҳзае, ки яке аз дӯстони некноми устод Пайванди Гулмуродзода сад донаи ин китоб дар дасташ аз дари хонаашон ворид шуду «китобро овардам»-гуфт, устод гӯё хона равшан карданд  ва як донаи ин китобро ба даст гирифта, онро ба чашмонашон молиданду бӯсиданд ва ашки шодию ғам рехтанд ва гӯё охирин ашкҳои ғами порашуданҳои миллаташон дар рӯйи ин китоб рехт. Ҳар касе, ки аз дарашон ворид мешуд, аз ҳамсари азизашон Дилафрӯз ва нури чашмашон Рустамҷон тақозо мекарданд, ки барояш аз китоб як нусха диҳанд. Бо нашри ин китоб гӯё зиндагии устод хатм шуд ва пас аз чанд рӯз ҷон ба ҷаббор супориданд. Бо нашри ҳамин китоб садоқату вафодорӣ ва муҳаббату самимияти бепоёни устод ба халқу ватани азиз дар амал хатм ёфту дар китобҳо ҷовидонӣ шуд.

Чунон ки ишора шуд, забон барои муаллим Шакурӣ шиноснома, ҳастию бақои миллат буд ва барои он ки унсури тақдирсоз пойдору устувор, побарҷо, поку беолоишу бегазанд ва баёнгари ҳама ормонҳои миллию дархосту андешаҳои мардуми тоҷик дар ҳама ҷабҳаи зиндагию фаъолият бошад, бояд ҳар соату ҳар рӯз аз он дифоъ ва дар ҳаққи он ғамхорӣ зоҳир кард, дар сари ҳастию бақои он ҷон бозид, ҷон фидо  кард.

Дар тӯли беш аз панҷоҳ соли пас аз марги устод Айнӣ (1954) фарди собиту вафодору дилсӯзу ғамхори дифоъкунанда аз ҳама ҷурму айбу иллатҳо ва маҳрумияту маҳдудиятҳои харобкунандаи забонамон устод Шакурӣ буданд.

Соли 1960 дар маҷаллаи «Шарқи сурх» (№6) мақолаи устод роҷеъ ба ғалатҳои қабеҳи тарҷумаҳои осори бадеӣ дар адабиёти тоҷик бо номи «Хат ғалат, маъно ғалат, иншо ғалаи, имло ғалат» ба табъ расид ва минбаъд дар ин дарозо дар қаламрави забони форсии тоҷикӣ фарди дуюмеро надидаам, ки пайваста забонамонро саробон бошад ва ба ин дараҷаю пояю савия, бо ин дилсӯзию муҳаббат ва ҳисси масъулиятшиносӣ роҷеъ ба нуқсу нотавонию норавонию харобгардониҳои забонамон бо далелу санадҳо ибрози андеша карда, роҳи дурусти рафъи ин камбудиҳоро ошкоро нишон дода бошад.

Устод Шакурӣ буд, ки қаламу коғаз дар даст аз субҳ то шом назди радиою оинаи нилгун нишаста хатогӯиҳои натоқонро сабт карда, ба зери хатонавиштаҳои рӯзноманигорону удабою уламо хат кашида, баъд сабт карда, таснифу мураттаб сохта, мақолаи фавқуззикр, инчунин мақолоту китобҳои «Сухан аз баён ва тарзи баёни аҳли матбуот» («Садои шарқ», 1965, №1), «Нависанда боғбони забон аст» («Садои шарқ», 1966,№6), «Айнӣ ва забони халқ» («Садои шарқ», 1967,№5), «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» (1968, 1985, 2005. Агар нашри  аввали ин китоб аз 165 саҳифа иборат бошад, пас нашри дуюму сеюм бо такмилу иловаҳо мутаносибан 365 ва беш аз 400 саҳифаро ташкил дод), «Забони мо ҳасти мост» (1991) ва амсоли инро иншо карда, ба санадҳои қотеъ хатонависию ғалатгӯиҳои аҳли матбуот, васоити ахбори омма, аҳли илму адабу саводро собит ва тарзи дурусти ҷумласозиҳоро нишон дода бошад. Вале чашми камбину гӯши ношунаво ва ақли камдарки мо ин ҳамаро намебинаду намешунаваду дарк намекунад ва ба ислоҳи ин хатоҳо омода ва қодир нест.

Барои он ки арзиши ҳар мақолаи китоби «Ҳар сухан…» равшан шавад, як далел меоварам. Дар мақолаи «Ғайр аз «гузаронидан» ҳам феъле ҳаст ё не?» омадааст: «Ҳангоме, ки рӯзномаҳои тоҷикиро аз назар мегузаронем ё радио мешунавем ва ё намоиши телевизионро тамошо мекунем ва ё ки китобҳои тарҷумаро мутолиа менамоем, гоҳо тасаввуре пайдо мешавад, ки гӯё дар забони тоҷикӣ ғайр аз феъли «гузаронидан» феъле нест. Ходимони матбуот кӯшиш мекунанд, ки ҳамаи ҷумлаҳояшон бо «гузаронидан» сохта шавад, ҳамаи матлабҳо бо ҳамин феъл адо гардад. Онҳо ин феълро чунон дӯст доштанд, ки ҳамаи феълҳои дигарро ба бойгонии забон супориданӣ ва ҳокимияти мутлақро ба дасти ҳамин феъл доданӣ ҳастанд.

Ягон зани тоҷик нагуфтааст, ки «ман имрӯз ҷомашӯӣ гузаронидам». Аммо муаллифону муҳаррирони мо ҳамин тавр мегӯянд…» (саҳ 63-64). Баъд устод мисолҳои зиёде бо истифодаи феъли гузаронидан оварда, феълҳои навбаромади зеринро зикр кардаанд: «Тадбир газаронидан, амалиёт гузаронидан, фаъолият гузаронидан, гуфтушунид гузаронидан, маърака гузаронидан, намоиш гузаронидан, таҷриба гузаронидан, дарс гузаронидан… иншо гузаронидан, шабнишинӣ гузаронидан ва мисли инҳо. Хуллас, ки қариб исме намондааст, ки онро ба «гузаронидан» часпонда, феъли наве насохта бошанд» (саҳ. 65-66).

Муаллим дар чанд маврид истифодаи феъли «гузаронидан»-ро раво донистаанд: «ӯ охир гапашро гузаронд», «Як муҳими хайр дорем, илтимос ин аст, ки омада онро гузаронед», «Давраҳои охирини айёми таҳсили мадрасагии худро мегузаронид» (Айнӣ).

Муҳаммадҷони Шукурӣ ин ҳама харҷу марҷ, ин ҳама нуқсу камбуд, ин ҳама норавшанию муғлақнависӣ ва дарҳам-барҳамӣ дар забонамонро аз бесоҳибӣ, беназоратӣ, сатҳи пасти забондонии мардум ва бетафовутию бемасъулиятӣ ба забони модарӣ мепиндоштанд ва ягона роҳи аз марги воқеӣ наҷот додани онро дар ба ғамхории ҳамаҷонибаи давлатию ҷамъиятӣ фаро гирифтану ба он додани мақоми давлатӣ медонистанд. Нахустин мақолаҳои устодро дар ин хусус дар Тоҷикистон чоп накарданд, пас онҳоро ба русӣ баргардон карда, ба Маскав бурданд ва нашрияҳои муътабари пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ онҳоро бо майли тамом ба чоп расониданд. Масалан, мақолаи «Ҳар кас ба забони хеш дар монад» соли 1988 дар «Литературная газета» чоп шуда, беҳтарин мақолаи сол дар ин ҳафтавор гардид. Баъд маҷбур шуданд, ки ин ва дигар мақолаҳои устодро дар Тоҷикистон низ чоп кунанд. Охирҳои соли 1988 мақолаи пурмояи ӯ «Забони миллӣ ғамхории махсус хоҳон аст» («Тоҷикистони Шӯравӣ», 25 ноябри 1988) дар ҷумҳурӣ боазоб ба табъ расид ва дар он аз ҷумла омадааст: «Вазъи забони миллӣ дар ҷумҳурии мо ҳоло ба ниҳояти дараҷа мӯҷиби ташвишу изтироб аст. Изтироб аз онҷост, ки примитивизм ва дуруштӣ бо тафаккур ҳарчи бештар сар дароварда, эҳсоси забонро кунд намуд, маданияти суханро паст бурд, боиси ин гардид, ки калимасозиву иборабандӣ, таркибҳои синтаксисӣ ва ғайра, қонуну қоидаҳои забон дағалона вайрон шуданд… Ҳоло маданияти пасти забон қариб ҳамагонист.

Бо қатъияти тамом бояд гӯем, ки маданияти сухани тоҷикӣ дар ягон давру замон чун имрӯз паст нарафта буд».

Чунин андеша ва ҳукми қатъӣ дар хусуси вазъи забони модарии мо дар тӯли 70 соли салтанати шӯравӣ бори нахуст садо дода буд (то ин вақт аз хусуси равнақу инкишофи бемайлони забонамон ва аз ҳисоби калимоту ибороти русиву аврупоӣ ғанӣ гардонидани он асарҳо менавиштанд…) Дар ин хулоса вазъи рӯҳию равонии гӯяндаро тасаввур кардан мумкин буд ва он лаҳзаҳоро, он ҳуҷумҳои манкуртҳоро ба устод ман дар хотир дорам ва алайҳи даъвоҳои бепояашон ҷавоб ҳам навиштанд.

Пас аз он ки бо азоби алим Қонуни забон дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон тасвиб ва ба забони тоҷикӣ (форсӣ) мақоми давлатӣ дода шуд, масъалаи боз ҳам мушкилтар-дар амал ҷорӣ кардани ин қонун пеш омад ва мебоист қабл аз ҳама Кумитаи Ҷумҳурии истилоҳоти назди Академияи илмҳои Тоҷикистон аз нав эҳё, навсозӣ ва фаъол гардонида шавад. Шахсе мебоист ин Кумитаро сарварӣ кунад, ки ҳадафу вазифаи онҳо дар давраи истиқлолияти давлатӣ ба ваҷҳи аҳсан иҷро кардаву анҷом дода тавонад. Ба ҷуз устод Шакурӣ касе дигар ба чашм намерасид. Он вақт раиси Академияи улуми Тоҷикистон Муҳамад Осимӣ Муҳаммадҷон Шакуриро ба ҳузури худ хонд ва гуфт:- бо азобу талошҳои бепоён ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ додед, акнун вазифа аз он иборат аст, ки ин қонун ба амал тадбиқ шавад ва корро бояд аз поку нав кардани истилоҳоти забонамон оғоз кард ва дар анҷоми ин кор касе сазовортар аз Шумо ба чашм намерасад.

Дар рӯзи 40 солагии фаъолият дар Пажуишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ устод аз вазифаи мудири шӯъбаи адабиёт ба вазифаи раиси кумитаи истилоҳот интиқол дода шуданд. Устод он вақт ҳасрат крда буданд, ки касе аз чиҳил соли корам дар Пажуишгоҳ ёд накард ва номаълум аз як вазифа ба вазифаи дигар бадал карданд. Устод дар тӯли 10 соли фаъолият (1990-1999) дар кумита барои таъини усул (принсип)- ҳои нави истилоҳсозию истилоҳгузинии тоҷикӣ ва истилоҳоти миллӣ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ доданд. Аз истилоҳоти кӯҳнаи таҳлилии русӣ задаи таҳтуллафзии айёми Шӯравӣ даст кашида, ба анъанаҳои миллии истилоҳсозӣ ва ба тахти аслию азалӣ шинонидани истилоҳоти қадимаи ба гузаштаи фаромӯшӣ афтодаи истилоҳоти форсии тоҷикӣ кори осону содда набуд, барои қабули ҳар истилоҳи нав ҷоннисорӣ кардан лозим меомад, бояд дар асоси далелу санадҳо собит карда мешуд, ки чаро аз баҳри истилоҳоти сохтаю таҳмилӣ гузашта, истилоҳоти қадимаи ба гӯшаи фаромушӣ афтодаи хешро қабул кунед. Натиҷаи талошҳои кормандон ва узви раёсати кумита бо сарварии устод буд, ки бисёр истилоҳоти қадимаи мо дар забони тоҷикӣ аз нав эҳё шуданд ва илми истилоҳсозию истилоҳгузинии даврони истиқлолияти миллӣ ба мушкилоти зиёд бошад ҳам асосан ба шоҳроҳи асливу азалии хеш ворид шуд ва минбаъд ин равия ва усулро идома бояд доду таҳким бояд бахшид.

Дар роҳи миллигардонӣ, ба асли хеш баргардонидани истилоҳоти тоҷикӣ таҷрибаи кори устод дар таҳрири дуҷилдаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1969) бисёр кӯмак кард, дар сифатан нав шудану ғанӣ гардидани истилоҳоти тоҷикии муосир хидмати бузурге анҷом дод. Бояд тазаккур дод, ки ин фарҳанг аз беҳтарин ва арзишмандтарин китоб (шояд ба истиснои «Шашмақом» ) аст, ки дар тӯли 70 соли салтанати Шӯравӣ дар Тоҷикистон ба табъ расидааст. Дар хушсифат, камхато ва саривақт нашр шудани он хизмати устод Шакурӣ бисёр бузург аст. Ман шоҳид будам, ки устод Шакурӣ солҳои 1967-1968 дар Маскав ҳам рисолаи докторӣ менавиштанд ва ҳам бо исрори қатъии мутасаддиёни нашриёти «Советская энсиклопедия» ин дуҷилдаро пурра таҳриру ғалатхонӣ карданд. Биноан ба хотири тантанаи адолат масъулини ин нашриёт номи ӯро аз ҷои чорум ба радифи аввал оварданд. Як бор дар умри сарашон нисбат ба он кас ҳақиқату адолат пирӯз шуд.

Муҳаммадҷон Шакурӣ донои доноёни замона, аз фидокортарин, заҳматкаштарин, содиқтарин, самимияттарин, дилсӯзтарин, беозортарин, меҳрубонтарин идомадиҳандагони кори устод Айнии Бухороӣ, дар роҳи равшангароии миллию маорифпарварӣ ва худогоҳию хештаншиносии тоҷикон буданд ва бузургтарин ва арзишмандтарин коре, ки устод Шакурӣ анҷом доданд, амиқтару дақиқтару фарохтару мушаххастару самимитар таҳқиқ кардани рафтору кирдору гуфтору навиштор ва користони маорифпарвариву худшиносии миллии устод Айнист. То кунун касе аз Айнишиносони ватанию хориҷӣ устод Айнии бузургворро мисли устод Шакурии бузургвор ин қадар дақиқу амиқ нашинохта, ба мардум муаррифӣ накарда буд. Дар шинохти устод Шакурӣ устод Айнӣ ҳазрати бузургвор, падари миллат ва паёмбару паёмовар, сарвару саробони миллат аст ва ҳеч касе дар роҳи худшиносию худогоҳӣ ва растагорӣ, дар наҷоти миллати муаззами тоҷик ин қадар хизмат накардаву ин қадар азобу дарди миллат накашидаю маҳрумияти таъқибҳо надидааст.

Шумо, хонандагони арҷманд вақте ба ин гуфтаҳои ман бовар хоҳед кард, ки агар бори дигар «Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ» (1966), «Садриддин Айнӣ» (ба ҳуруфи форсӣ, 1978), «Таърихи адабиёти советии тоҷик», ҷ.4 (1980), «Равшангари бузург» (2006), «Садри Бухоро» (2005) ва дигар мақолаю китобҳои наҷибзода Шакуриро мутолиа бикунед. Кам воқеъ мешавад, ки як муҳаққиқ ба аҳволу осрори як адиб ин қадар пайваста ва бо муҳаббат таваҷҷӯҳ зоҳир карда, ҳар бор аз користони илмию адабию фарҳангии ӯ хулосаю тобишҳои нав берун орад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)