Тавре аз КВД «Тоҷиктрансгаз» ба Озодагон иттилоъ доданд, сӯҳбати дуҷониба дар ин маврид аввали моҳи ноябр шурӯъ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, «Тоҷиктрансгаз» феълан ба ҳукумат дар бораи ҳаҷми воридоти газ дар соли оянда мактуби расмӣ ирсол намудааст. «Тақрибан 200 миллион метри мукааб зарур аст, вале он шояд аз ҷониби ҳукумат камтар карда шавад, зеро тайи солҳои ахир ҷумҳурӣ воридоти газро ба таври назаррас коҳиш дода, ба иллати болоравии нархи он, талабот ба гази табиӣ низ ба таври қобили мулоҳиза пойин рафт»
Маврид ба ёдоварист, тибқи қарордоди дуҷониба дар соли 2012 Тоҷикистон аз Ӯзбакистон бояд 145 миллион метри мукааб газ дастрас намояд, ки арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Нархи муқаррашуда дар соли 2013 ҳанӯз мушаххас нест. Истеъмолгарони асосии гази Ӯзбакистон дар Тоҷикистон инҳо- ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва корхонаи «Тоҷиксемент» ба шумор рафта, нархи 1 ҳазор метри мукааби газ барои онҳо дар соли равон 380 $ муқаррар шудааст.
Мӯҳр