Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:04

Нархи орди Қазоқистон дар Душанбе боло рафт

23 ноябр 2012, 09:27

Масъулини Агентии омори назди президенти Тоҷикистон мегӯянд, давоми 9 моҳи соли равон ба Тоҷикистон  ба миқдори 251 ҳазор тонна орд ворид гардидааст, ки ин нишондод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 20% зиёд мебошад.

Афзоиши воридоти орд ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар иброз медоранд, ки нархи он боло рафтааст.
Аз вазорати мазкур ба Озодагон иттиллоъ доданд, ки тайи як соли охир дар бозорҳои кишвар болоравии арзиши орди истеҳсоли Қазоқистон мушоҳида мешавад: «Дар қиёс бо нархҳои моҳи ноябри соли гузашта, нархи як халта орд 23 дарсад боло рафтааст. Яъне, моҳи ноябри соли гузашта як халта орд 125 сомонӣ арзиш дошт, аммо ин рақам имрӯз муодили 160 сомонӣ мебошад».

Муштариёни ин навъи маҳсулот низ гарон шудани орди истеҳсоли Қазоқистонро тасдиқ намуда, мегӯянд, ҳоло як халтаи онро бо арзиши беш аз 170 ва наздик ба 175 сомонӣ аз бозорҳо дастрас менамоянд.

Аммо дар сомонаи расмии  Вазорати рушди иқтисод ва савдо гуфта шудааст, ки нархи як халта орди истеҳсоли Қазоқистон расман дар бозорҳои пойтахт -«Деҳқон»-у «Шоҳансур», «Саховат» ва бозори «Варзоб» 160 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!