Бахшҳо
23 ноя 2012 10:27Адабиёт

Моҷарои ҳайкали қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ

(бо фурӯшу ғорати идораҳои колхоз ҳайкали Раис дарди сар ва нодаркор шуда монд)

Ҳайкал як ҳайкали оддӣ набуд. Барҷаставу босалобат ва чун ёдгории қарнҳои пешин ба чашм аҷубаи хориқуллодае менамуд. Шахсеро, ки тимсолашро ба сурати ҳайкал офарида буданд, марди қадбаланду қавиҷусса, паҳнрӯю шоҳкосачашме буд. Бурути ғафси наълмонанде дошт. Тоқии чоргул ба сараш буду пеши барашро нишони Қаҳрамони Меҳнати сотсиалистӣ зеб медод. Ин мард, ки ҳайкалашро назди идораи раёсати колхоз гузошта буданд, як одами андаку тасодуфие набуд. Марде буд, ки 22 сол сарварии колхози он замон (замони Шӯравӣ) ба номи Калининро ба ӯҳда дошт. Марде буд, ки бо номи ӯ тайи даҳсолаҳо як колхози бас калону сернуфус (35 ҳазор аҳолӣ дошт) тафохӯр ва гарданафрозӣ мекард. Марде буд, ки муддати 22 соли ахири даврони Шӯравӣ ҳамон колхоз ба исми ӯ номгӯзорӣ шуда буд. Кӣ буд ӯ ва чӣ корнамоиву қаҳрамониҳо аз худ нишон дода буд? Рахматалӣ Дамдоров ном дошт ва як соле, саҳеҳтараш соли 1982 бо ташаббуси ғайриоддӣ ва тассавурнопазир баромад кард. Дақиқтаринаш аз номи ӯ дастгоҳи тарғиботию ташвиқотии идеологияи Ҳукумати вақт ва СеКа изҳоротеро пахш карданд, ки дар ниҳояти он амал худи мардак тааҷҷубзадаю даҳонво монд ва ба ин ҳуққабозию айёрӣ ва дурӯғмаобиҳои «болонишинон»-и Ҳизби Коммунист қоил гардид. Нисфирӯзии гарми ибтидои фасли тирамоҳ, ки офтоб чун кураи оташин бераҳмона замину замонро метафсонду месӯзонд ва колхозчиён арақшору нафасгардон пешдоману қанору халтаҳои моломоли пахтаро ба сари замин ба назди трактори тележкадор баҳри баркашидан мебароварданд, ҳамин Раис, ҳамин Раҳматалӣ Дамдоров, ҳамин номдору маъруфи овозадори ноҳия савори «Виллис» ба бошишгоҳи бригадаи бонуи пешқадам, Зулайхо Шаҳобиддинова омад. Омад, ки аз вазъи ранҷу заҳматҳои пахтакорон-аъзоёни бригадаи номбурда хабар бигирад. Аз «Виллис» пояшро ба замин гузорам-нагузорам, ки бригадиру ҳисобчиву сардори звенову калони хирманбонҳо ва чанд марди фарбеҳу дар сояи шаҳчинор каҷпаҳлӯ рӯи лӯлаболиштҳо ғелида, гӯё мӯъҷизаи ногаҳониву ғайримунтазира рух дода бошад, дастпоча шуда, алалфавр ва оҷилан паридаву ҷаҳида, ба истиқболи Раис тохтанд. Раис бо ҳамон ҳайати ҷиддиву шукӯҳманд ва бо овози омирона «салом» гуфт ва нӯги дастӣ бо пешвозгирандагон вохӯрӣ кард. Қадамзанон аз рафти пахтачинӣ, нишондиҳандаҳо ва дурнамои кору пайкори колхозчиён пурсон гардид. Зулайхо-бону шабеҳи талабаи фаъол ва пионери бовиҷдон аз бари Раис гом мебардошт ва ҳадаҳаву осема, мураттабан, як-як аз нишондиҳандаҳо ҳисобот медоду рақамзанӣ мекард. Бечора гоҳо худро гум карда, чун лолахасакҳои даштӣ чеҳрааш арғувонӣ мегардид. Умуман, корамон бад не, Раис,- мунтаҳо  худро хурсанд вонамуд карда натиҷагирӣ кард Зулайхо-бону.

-Ҳушёр шав, Зулайхо,-носеҳӣ кард Раис, тамоми умедамон ба ту. Бояд аввалин шуда, дар байни дигар бригадаҳо аз иҷрои плон рапорт диҳӣ. Фаҳмидӣ? Сахт гир, ба ин мардум ягон зарра раҳму шавқат накун. Раҳму дилсӯзӣ кардӣ, ба болои сарат мебароянду таги поят мекунанд. Фаҳмидӣ?

Раисро болои чанд қабат кӯрпача ҷой доданд. Дарсоат дастурхон кушоданд ва аз куҷое, боз ҳам монанди мӯъҷиза анвои гуногуни нозу неъмат рӯи хон пайдо шудан гирифт. Нонҳои калон-калони сурхгуни гарми гарм, ки дастро баҳузур месӯзонд, чор-панҷ шоҳкоса ҷурғоту чакка, аз мевагиҳо себу ангуру тарбузу харбуз ва… дар як пилк ба ҳам задани чашмон шоҳтабақи чӯбини пур аз обу гӯшт, ки ҳавраш димоғро ба хориш меовард, ба пайдо омад. Чой маъмулан чойи кабуд буд.

-Аввал, ҷавоби шикамро диҳем, мегӯед?- аз манзараи рӯи дастурхон чеҳрааш шукуфон гардида, ҳазломез гап паронд Раис.

- Ҳа, албатта, албатта,-даст пеши бар хушсуханӣ  кард Зулайхо-бону. Аввал таом, баъд калом, гуфтаанд…

Ва … ба «чаридан» оғоз карданд. Шоҳтабақ нисф шуду Раис даст пок кард ва табақро онтарафтар тела дод. Карчи харбузаеро бурида бо иштиҳо ба даҳон бурд. Зулайхо-бону табаки назди Раисро ба пеши як тӯда колхозчиён, ки кадушӯрбо тановул мекарданд, бурда «ҳаминро гирифта хӯред. Аз пеши Раисамон, табаррукист, савобаш мерасад»-гӯён наздашон гузошт.

Пас-он дар сафолинтабақҳо оши палави сергушту серравған оварданду рӯи дастархони Раис монданд. Хӯришу кабудӣ низ пайдо шуд. Раис нӯг-нӯги даст ошро ба даҳон меандохт. Чойи кабуд ҳурти дар ҳурт ба ҳалқҳо рехта мешуд. Ҳа, аз ёдамон баромадааст, ки дар бораи радиочаи дар як шохи шаҳчинор овезон чанд сухан бигӯем. Радиоча бетанаффус гап мезаду гап мезад. Аслан аз боби пахтачинию пахтасупорӣ, қаҳрамонони арсаи меҳнат ва колхозу совхозҳои дар маъракаи ҳосилғундорӣ пешсаф «лексия» мехонд. Гоҳҳо «дамаш ба дарун мезад», ором мешуд. Чӣ иллате дошт, ки як нафар, ҷавонмарди фарохшонаи қадкӯтоҳи сиёҳҷурда, ки вазифааш дар самовор чой ҷӯшондан буд, калӯшашро аз пой бароварда, ба сӯи радиоча ҳаво медод. Ҳамин, ки калӯш ба пайкари радиоча бармехӯрд, дарсоат ба гап медаромад ё ҳофизе мастона дар бораи «ёри пахтачин» ва «киштиҳои кабуд» ашӯлаҳои булаҷабу хандаовар месароид. Ана вақте ки Раис аз табақи ош ҳам даст кашида, аз хӯшаи ангур дона-дона ба даҳон ҳаво додан мегирифт, якбораву нохост аз радиоча, гӯё, ки касе амр карда бошад, наттоқ бо эҳсосу ҳаяҷони баланд, буррову ботантана «ахбори таъҷилӣ»-ро қироат кард.

-Рафиқон пахтакорон, деҳқонони шӯҳратманду боирода! Имрӯзҳо тамоми талошу ҷонбозиҳои шумо баҳри ҳарчӣ зудтар ва беталаф ғундоштани ҳосили бо арақи ҷабин парвариш кардаатон равона шудааст. Давлат ва Партия ба ҷидду ҷаҳд ва азму ғайрати Шумо боварию эътиқод дорад. Дар ин мавсими ҳалкунанда бисёре аз диловарони арсаи корзор бо ташаббусҳои нав ба нави умедворкунанда баромад мекунанд, ки лоиқи дастгирӣ ва шоистаи таҳсин аст. Дирӯз ба «маркази таблиғотии «Ҳосил-82» хабари хурсандибахш расид. Раиси колхози ба номи Каленин, деҳқони пуртаҷрибаву пухтакор, дорандаи орденҳои Ленин, Байрақи сурхи Меҳнат, Шараф ва ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии СССР ва Тоҷикистон, иштирокчии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, Раҳматалӣ Дамдоров бо ташаббуси олӣ баромад карда, қавл дод, ки хоҷагие, ки ӯ роҳбарияшро ба уҳда дорад, азм дорад, ки аз ҳар гектар 70 сентнерӣ ҳосил ба даст меорад. Ин нишондиҳандаи то ҳол гӯшношунид ва ҳимматбаландона мебошад. Вале Раҳматалӣ Дамдоров бо ихлос ва азми росих ваъда додааст, ки ба ғайрату шуҷоати меҳнаткашони бригадаҳои хоҷагиаш қоил аст ва бе ҳеҷ шакку шубҳа, аз ҳар гектар 70 сентнерӣ ҳосил ба даст меорад. Ба ин ҳама шароит ва заминаҳо мавҷуданд. Аллакай хоҷагиҳои зиёде аз ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба ин ташаббус пайравӣ карда, қавл додаанд, ки ҳатман 70 сентнери «Тиллои сафед» мерӯёнанд. Сано ба олиҳимматони майдони ҳарбу зарб, шаъну шараф ба деҳқонони ташаббускору ватандӯст!

Ҳама: мардум, ҷавонон, духтарон, занҳову пиразанҳо бо ҳайрат ҷониби Раис нигаристанд. Раис бошад, аз ин хабари шодиомези ногаҳонӣ даҳонаш воз аз ҷояш бархоста, аз кат баромаду ба наздиктари колхозчиён омад.

- Гӯш кардед-а? Шунидед-а?-нидо баровард вай. Ин кори ҳазлу шухӣ нест. Ин гапа мо гуфтем, мо! Дигарҳо не. Акнун миёнро аз 7 ҷояш сахт баста, шабро шаб, рӯзро рӯз нагуфта, меҳнат мекунед. Бояд ба ваъда вафо кунем, ҳатман! Ба наздикӣ ба ёрии шумо ҳамаи хонандаҳои мактабҳои қаламрави колхоз, студентҳои ПТУ-ву техникумҳо, лозим шавад, иниституту университет сафарбар карда мешаванд. Мо бояд пирузӣ ба даст орем, бояд соҳиби байрақ шавем! Ҳо, ана ҳамин тавр! Акнун хезед аз паи кор, дер накунед, марш!

Ва Раис қафо гашта, дубора рӯи кат нишаст.

- Табрик Раис, табрик!-даст пеши бар гирифта таҳсиномез хитоб кард Зулайхо-бону. – Ҳақиқатан ҳам мардонагӣ кардед, кори саҳлу осон не!

- Ҳа, ҳа, албатта кори бозӣ нест ин баромади Раис. Дар тамоми республика ҳоло ташаббуси ягона. Ин овози ҳисобчӣ буд, ки гардан ёзонда ба Зулайхо-бону ҳамовозӣ мекард.

Хирманчии ришсафед Бобои Давлат даст ба дуо бардошта, ба ҷомаи амал пӯшидани нақшаҳои Раис ва аъзоёнаш барор хост.
Аммо Раис пакару карахт буд. Охир, вай аниқ медонист, ки ягон хел изҳороту муроҷиатнома накардааст. Ҳеҷ гуна ташаббуси шахсӣ нишон дода, «Ман аз ҳар гектар 70 сентнери ҳосил ба даст меорам» нагуфтааст. Ин кори дасти кӣ бошад? О, магар ин гуна ваъда додан ҳавоякию сохтакорона нест? То ҳол аз ҳар гектар ба зӯр 28-30 сентнер ҳосил мегирифтанд. 70 сентнер-а? 2-3 баробар зиёд! Оё вай аз уҳдаи ин ташаббуси дуруғ баромада метавониста бошад? Ин дурӯғ дурӯғи осмонӣ буд, дар ҳеҷ қолаб намеғунҷид.

- Ҳа бобои Раис, чӣ ба фикр фурӯ рафтед?-хандида пурсид Зулайхо-бону. Ягон хизмат бошад…

- Э, не, не-чашм аз оби нилгуни наҳр, ки аз шафати кати нишасти онҳо ҷорӣ буд, наканда гуфт Раис. Ҳамааш дар ҷояш, ягон ташвиш накашед. Ман худам, медонед… камтар… э, камтари чӣ, сахт дар тааҷҷуб мондаам.

- Чӣ воқеа шуд?-бозпурсӣ кард бобои Давлат. Ягон нохушӣ…

- Не, не, амаки Давлат.

- Набошад, гӯед, ёрдам бошад…

- Медонед,- афзуд Раис, ин ки аз радио хабари таъҷилиро дар хусуси аз ҳар гектар рӯёнидани 70 сентнер «тиллои сафед» шунавониданд, билло ки дурӯғ аст. Ман ҳеҷ гуна изҳорот ё ташаббус нишон надодаам. Намедонам ин корро кӣ сару бар ё ақсақол шуда, ба роҳ мондааст? Агар пагоҳ-фардо ин қадар ҳосилро ба даст наорем, дар назди Партия ва Ҳукумат чӣ ҷавоб медода бошем?

- Дуруст, дуруст,- суханони Раисро ҷонибдорӣ кард муовини ӯ оид ба бахши фарҳанг Шоҳҷалолов Камол. То ҳамин солҳои наздик аз 28 то 30-35 сентнер ҳосили тиллои сафед ба даст меоварданд дар республика. Аммо 70-сентнер…инаш ба ягон норма рост намеояд.

- Хайр, ҳар чӣ ки дар насибу тақдир бошад, ҳамонро мебинем,-оҳе кашида гуфт Раис ва бархост зи ҷо.

- Меравем,- амр кард ба ронандааш, ҷавони махсумнамои дастҳо пеши бар. Канӣ дар идора чӣ корҳо бошад?

- Парво накунед, Раис,-дилпур кунонданӣ шуд Раисро бобои Давлат ва илова кард:

- Ин кор бе роҳбарии «калонҳо» намешавад. Дар «боло» худашон медонанд, ки аз кӣ қаҳрамон созанд. Бовар кунед!
Раис оташин шуда, ҷониби амаки Давлат теғи нигаҳ кашид:

- Акнун фаҳмидем, ки аз мо қаҳрамон метарошидаанд. Шумо, ки ин хел мегӯед… Эҳ…

Раис ошуфтаву осемасар ҳамакнун ба «Виллис» нишастанӣ буд, ки аз роҳ рӯ ба рӯ чангу ғуборро ба фазо хезонда, пасодумкол яктаву дута не, балки 5-6 мошини «Волга»-и сиёҳу сафед ҷониби онҳо, ба бошишгоҳ ҳаракат карда омаданд.

Инҳо кӣ бошанд?-аз дил гузаронид Раис ва боз даҳонво монд.

Баъд чӣ воқеа рух дод? Дарвоқеъ, ин «меҳмонон» киҳо буданд дар шумораи дигари Озодагон хоҳед хонд.  

Шодии СУҲАЙЛ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)