Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:52

Қатар масҷиди бузургтаринро дар Душанбе сохта мавриди истифодаи сокинон қарор медиҳад

17 июн 2011, 07:00

Сафири Тоҷикистон дар Қатар Зубайдулло Зубайдов дар шаҳри Доҳа чанд мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии вазорати умури хориҷа, аз ҷумла зимни нишаст бо вазири ҳамкориҳои давлати Қатар доктор Холид Ал–Атия масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла, сохтмони масҷид дар шаҳри Душанбе ва оғози фаъолияту сармоягузории ширкати “Диёр” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Холид Ал–Атия иброз дошт, ки бояд дар фурсати кӯтоҳ созишнома оид ба фаъолияти ширкати “Диёр” ва сохтмони масҷид дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шавад.

Аснои мулоқоташ сафири тоҷик Зубайд Зубайдов бо муовини вазири корҳои хориҷии давлати Қатар Муҳаммад Румайҳӣ ҷониби он кишвар қайд кард, ки бояд дар фурсати кӯтоҳ комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар созмон ёфта, ба фаъолият оғоз намояд. “Бо ин мақсад аллакай як ҳайате дар Қатар ташкил дода шудааст ва дар вақтҳои наздик ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом хоҳад дод. Зимни сафари ин ҳайат дар шаҳри Душанбе бо ҷониби Тоҷикистон масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва омода кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ муҳокима мешаванд”, - афзуд дипломати қатарӣ.

Дар сӯҳбате, ки сафири Тоҷикистон бо раиси ширкати ҳавопаймоии давлати Қатар Абдулазиз Нуаймӣ дошт, масъалаи кушодани хатти мустақими парвоз миёни шаҳрҳои Душанбе ва Доҳа матраҳ гардид. Абдулазиз Нуаймӣ изҳор дошт, ки ҷониби Қатар барои дар наздиктарин фурсат кушодани хатти мустақими парвоз миёни ду кишвар омода мебошад.  
Манбаъи хабар меафзояд, зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Қатар бо директори иҷроияи ширкати “Диёр”-и давлати Қатар Муҳаммад Алӣ Ал-Ҳадфа масъалаи фаъолият ва сармоягузории ширкати “Диёр” дар ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муҳаммад Алӣ Ал-Ҳадфа иброз дошт, ки мутаассифона муддати чанд сол оғози фаъолияти ширкати мазкур дар Тоҷикистон ба таъхир афтодааст. Ӯ таъкид намуд, ки роҳбарияти давлати Қатар вобаста ба таъхири фаъолияти ширкат дар Тоҷикистон норозӣ буда, хостори зудтар ба кор сар кардани он мебошанд. “Аммо ҳоло имконияту шароит барои шурӯъ намудани корҳо дар ин самт фароҳам омадааст. Созишномаи ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи роҳбарияти ширкат баррасӣ гардида, ба вазорати ҳамкориҳои давлатӣ пешниҳод шудааст”, - гуфт дар анҷоми сӯҳбат сарвари иҷроияи ширкати «Диёр».

 

{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!