Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 25 июн 2017, 01:50

Агентии омор: Тавозуни савдо манфӣ аст

23 ноябр 2012, 11:52

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ дар 10 моҳ беш аз 4117,8 миллион доллари ИМА

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар 10 моҳи соли равон беш аз 4117 миллион  доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 12% ё худ 442,8  миллион доллар зиёд мебошад.

Аз Агентии омори назди президент ба Озодагон иттилоъ доданд, ки тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили ҳудуди 1905,4  миллион доллар шудааст: «Дар ин давра Тоҷикистон бо 97 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва 87 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст».

Сарчашмаи хабар илова намуд, ки дар гардиш савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ- 44,3 фоиз ё 1823,6 миллон доллар ва ҳисаи мамлакатҳои хориҷи дур 55,7 фоиз ё 2294,2 миллион доллар рост меояд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бланкаи тавозуни солона лозим

Тавозуни солона бо забони точики лозим

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!