Имрӯз дар Душанбе ва саросари кишвар «Рӯзи парчами Тоҷикистон» таҷлил мегардад.
Дар чорабинии асосӣ, ки ҳукумати пойтахт ба ин муносибат баргузор мекунад, интизор меравад, ки беш аз 4000 сокинони Душанбе ширкат варзанд. Тавре Шафқат Сайидов, сухангӯи мири шаҳр ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, дар майдони 800-солагии Маскави пойтахт ҷамъомади тантанвӣ доир мегардад.
Ҳамзамон, ҳукумати шаҳри Душанбе ба кулли корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ тавсия додааст, ки коргоҳу идораҳояшонро бо нишону парчами миллӣ ва рамзҳои идона ороиш диҳанд. Ба қавли манбаъ, дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт байрақи кишвар насб гардида, ронандагон бо нишонҳои марбута таъмин шудаанд.
-Бар тибқи дастури шаҳрдорӣ дар ҳамаи боғҳои истироҳатӣ ва маконҳои тафреҳии пойтахт сайру гашти оммавии сокинон ва ҳунарнамоии сарояндагони маъруф баргузор мегардад,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр