Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 09:01

Дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook боз маҳдуд шуд

26 ноябр 2012, 04:10

Аз субҳи имрӯз даҳҳо нафар истифодабарандагони ин шабака натавонистанд, вориди он шаванд.

Наврӯз Қурбонов, яке аз фаъолони платформаи тоҷикии Facebook  ба Озодагон гуфт: «Чанд маротиба кӯшиши ба шабака даромадан кардам, аммо бенатиҷа, намедонам ба чӣ сабаб он баста шудааст».

Дар ҳамин ҳол, ба зангҳои телефонии Озодагон аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон касе ҷавоб додан нахост.

Ёдрас менамоем, ин барои аввалин бор нест, ки дастрасӣ ба  Facebook дар Тоҷикистон маҳдуд мегардад. Дар моҳи майи соли равон низ ин ҳолат ба миён омада буд ва масъулин ин амалро «бо сабабҳои техникӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ» унвон карда буданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!