Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:01

Дар Душанбе барф меборад. Ҳаво -4 дараҷа хунук мешавад

26 ноябр 2012, 04:49

Пас аз 5 рӯз дар пойтахт боридани барф дар назар аст.

Имрӯз бошад, дар Душанбе ҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат 11 дараҷа гарм хоҳад шуд. Тавре ба Озодагон аз маркази обу ҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, субњи 29-уми ноябр дар Душанбе боридани борон ва барф дар назар буда,  ҳаво то -4 дараҷа хунук мешавад.

Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон барои имрӯз  бориши кӯтоҳмуддат дар назар гирифта шудааст. Дар Хуҷанд рӯзона каме борон меборад, ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад.

Ҳавои шаҳри Кӯлоб бе бориш буда, 13 дараҷа гарм мешавад. Дар Хоруғ бошад ҳаво шабона то 3 дараҷа хунук, рӯзона 4 дараҷа гарм хоҳад буд.

Дар Қӯрғонтеппа ҳаво нимаабрист, боришоти борон дар назар гирифта нашуда гармии ҳаво 14 дараҷа хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!