Дар ин бора ба Озодагон аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд.
Тибқи иттилоъ, дар ҷараёни сафари вазир ба Хитой, баррасӣ ва муҳокимаи масоили марбут ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин дар самтҳои гуногуни фаъолият, аз он ҷумла мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот, омӯзиши кадрҳо ва ҳамкориҳои минтақаҳои наздисарҳадӣ дар назар аст.
Манбаъ афзуд, ҳамчунин дар нишасти муштарак ба имзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкории наздисарҳадӣ дар назар дошта шудааст.
Ба ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин, роҳбари дастгоҳи вазорати корҳои дохилӣ Абдураҳим Раҳимов, сардори раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ, Маҳмадсаид Саидов ва муовини сардори раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ полковники милитсия Зумрад Солиева, инчунин сардори ББМ «Интерпол» Ҷамшед Машрабов шомиланд.
Мӯҳр