Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:38

Нархи бензин дар «Бекобод»-и Суғд 3 сомонӣ шуд

26 ноябр 2012, 09:00

Аз моҳи августи соли равон то ба имрӯз нархи бензин дар Тоҷикистон 6% қимат шудааст.

Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки айни ҳол нархи миёнаи як литр бензин дар пойтахти кишвар 6 сомонию 80 дирамро ташкил медиҳад, ки дар қиёс бо нишондоди моҳи август беш 40 дирам афзоиш ёфтааст.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир як литр бензини навъи АИ-92  бо нархи 6 сомонию 70 дирам ва навъи АИ -95 ба ивази 6 сомонию 90 дирам фурӯхта мешавад.

Болоравии нархи бензин дар пойтахт дар ҳоле сурат мегирад, ки масъулини ташкилоти «Агро-информ»-и Тоҷикистон арзиши як литр бензинро дар бозори «Бекобод»-и вилояти Суғд, ҳамсарҳад бо Зафарободи Ӯзбакистон нисбат ба бозорҳои  Душанбе  беш аз 2 маротиба арзон арзёбӣ мекунанд: «Нархи як литр бензин дар бозори «Бекобод» 3 сомониро ташкил медиҳад, вале тоҷирони бозори Душанбе  ин навъи сӯзишвориро ба ҳисоби миёна 6 сомонию 60 дирам мефурӯшанд».

Тибқи иттилои манбаъ, нархи аз ҳама гарони бензин дар бозори марказии ноҳияи Рашт ва бозори марказии шаҳри  Хоруғ мушоҳида карда шуд, ки дар он ҷо як литр бензин ба нархи 6 сомонию 80 дирам ба фурӯш гузошта шудааст.

Аз ҳама бензини арзон пас аз бозори «Бекобод» дар бозори «Бӯка» ҳамсарҳад бо Мастчоҳ (Ӯзбакистон)мушоҳида гардид, ки як литри он ба маблағи  3 сомонию  20 дирам ба фурӯш гузошта шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!