Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 22 август 2017, 02:27

Лоиҳаи қонун «Дар бораи савдо ва хизматрасонӣ» дар баррасии Шӯрои МН

26 ноябр 2012, 11:24

Имрӯз дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии   Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»  муҳокима гардид.

Тавре аз хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар ба Озодагон иттилоъ доданд, аз рӯи ин масъала, раиси кумитаи МН оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки лоиҳаи қонун    бо мақсади асоснок ва объективона истифода бурдани тадбирҳои танзими давлатии савдои чакана, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ, бартараф намудани дахолати беасоси мақомоти давлатӣ ба танзими савдои чакана, ҳимояи бозори молу хизматрасониҳои таъиноти истеъмолӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, таъмини интиқоли озоди молҳо ва хизматрасониҳои таъиноташон истеъмолӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.

Қайд гардид, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз 7 боб ва 25 модда иборат буда, бобҳои алоҳида ба назорати давлатӣ ва санҷиш дар соҳаи савдои чакана, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ, пешбурди баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ, гузаронидани саҷишҳо, масъалаҳои коргузорӣ, таъминоти кадрӣ, талаботи умумӣ ба кормандон, таълими тахассусии онҳо, омодагии касбӣ ва ҳамчунин гузаронидани муоинаи тиббӣ бахшида шудаанд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!