Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:04

500 сомонии коргари кироя ва 200 сомонии музди миёна дар Тоҷикистон

26 ноябр 2012, 12:05

Агентии омори назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, даромади пулии сокинони кишвар тайи моҳҳои январ-сентябри соли равон ҳудуди  14 миллиарду 455,2 миллион сомониро ташкил дод.

Тавре ба Озодагон аз  агентии мазкур хабар доданд, ин рақам дар қиёс  ба ҳамин давраи як соли қабл 24,5 фоиз зиёд мебошад. Ин дар ҳолест, ки хароҷоти пулӣ ва амонатҳои аҳолӣ аз ҳаҷми даромад бештар шуда, 16 миллиарду 154,2 миллион сомониро ташкил додааст.

Ба иттилои Агентии омор, қариб чоряки хароҷоти аҳолӣ ба пардохтҳои ҳатмӣ равона мешавад. Саҳми пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳаққи узвияти ихтиёрӣ, мутаносибан 27,1 фоизро ташкил медиҳад: «Музди меҳнати ҳармоҳаи миёнаи номиналии кормандони кирояи кишвар 598, 45 сомонӣ арзёбӣ мегардад, ки дар муқоиса бо соли гузашта 16,5 фоиз бештар мебошад»

Маврид ба ёдоварист, маоши миёнаи ҳадди аққал дар ҷумҳурӣ дар моҳи сентябр ҳамагӣ 200 сомониро ташкил дод.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!