Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии халқии Хитой оид ба ҳамкории наздисарҳадӣ бо Мэн Сянчжу, вазири амнияти ҷамъиятии Хитой ёддошти тафоҳум миёни ВКД-и Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Хитойро ба имзо расониданд.
Зимни мулоқот Рамазон Раҳимов оид ба таҷрибаи мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла, терроризм, экстремизм, сепаратизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сухан ронда, як қатор таклифҳои муфид оид ба таҳкими ҳамкориҳои ВКД-и Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Хитой пешниҳод намудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар рафти вохӯрӣ вазирони ҳарду ҷониб иброз намуданд, ки дар мубориза бар зидди ҳама намуди ҷиноятҳо омодаанд ба ҳамдигар кӯмак ва мусоидат намоянд: « Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз Донишгохи милитсияи таъиноти махсуси Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой дидан намуданд. Дар Донишгоҳи мазкур воҳидҳои гуногуни таъиноти махсуси Вазорати амнияти ҷамъиятии Хитой, усулҳои пешгирии ғайриқонунии маводи мухаддир, рондани автомашинаҳо, озод намудани гаравгонҳо ва безаррар гардонидани террористонро намоиш доданд».
Бояд зикр намуд, Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон 25-уми ноябри соли равон ба Хитой сафар намуд, ки айни ҳоло дар ин кишвар қарор дорад.
Мӯҳр