Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:03

М. Убайдуллоев: Соли нав дар Душанбе таҷлил мегардад

27 ноябр 2012, 05:04

Мири пойтахт дар ҷаласаи васеи назоратии шаҳрдорӣ барои таҷлили Соли нав ва ороиши Душанбе  масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки барномаҳои мукаммали шаҳрдориро барои тасдиқ ва татбиқи минбаъда таҳияву пешниҳод намоянд.

Тавре Шафқат Сайидов, сухангӯи райиси шаҳр ба Озодагон иттилоъ дод, дар ҷаласа инчунин масоили хоҷагидории шаҳр ва маҷмӯи хизматрасониҳо ба сокинон дар иртибот ба оғоз гардидани мавсими сармо ва ҳолати иҷрои санадҳои марбутаи шаҳрдорӣ дар тақвияти фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр бо дарназардошти гузориши масъулин мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони дигар субъектҳои хизматрасонро ба иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ нигаронида, дастур дод, ки роҷеъ ба пешниҳоди хизматрасониҳо, қабл аз ҳама таъминоти бонизоми нерӯи барқ ба аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ, рафъи саривақтии садамаҳо дар зеристгоҳҳои барқтаъминкунанда, сарфакорона истифодабирию пардохти мунтазами маблағи он аз ҷониби муштариён чораҳои муассир андешанд.

Ҳамзамон, бо инобати ба охир расидани соли буҷетӣ сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ва дигар субъектҳои марбутаро муваззаф сохт, ки баргардонидани қарзҳои буҷетиро дар мӯҳлатҳои муқарраргардида таъмин созанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!