Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:15

Ҷасади Ҳошимовро ба Ватан оварданд

27 ноябр 2012, 06:11

Акрам Ҳошимови 43 сола, сокини шаҳри Чкаловскии вилояти Суғд, ки чанде қабл бар асари як садамаи ҳавопаймоӣ дар шаҳри Талоди  иёлоти Кордофани Ҷанубии давлати Судон ба ҳалокат расид, ҷасадшро ба Тоҷикистон оварданд.

Аз сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Озодагон иттилоъ доданд, ки рӯзи 19-уми августи соли равон ҳавопаймои Ан-26-и мансуб ба ширкати судонии «Алфа 1», ки ҳайъати ҳукуматии Судон дар он буданд, ҳангоми фуруд омадан дар шаҳри Талод, дар макони суқути ҳавопаймо ҳодисаи сӯхтор ба амал омад, ки ҳамаи 32 мусофир, аз ҷумла яке аз сарнишинон, шаҳрванди Тоҷикистон Акрам Ҳошимов низ ҷони худро аз даст дод.

Гуфта мешавад, сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб дар ҳамоҳангӣ бо сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Судон ва ниҳодҳои дахлдори судонӣ корҳои заруриро анҷом дода, 23-уми ноябри соли ҷорӣ ҷасади марҳумро тавассути Доҳа ба Масква овардаанд.

Манбаъ мегӯяд, вобаста  ба масъалаҳои қабули тобут дар Масква, пайдо кардани пайвандони Ҳошимов ва интиқоли ҷасади ӯ ба Ватан аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Русия мусоидат карда шуд ва шоми 24-уми ноябр ҷасад тавассути хатсайри Домодедово – Хуҷанд ба Тоҷикистон фиристода шуд: «Сафорат ба аҳли хонавода ва пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, барояшон аз даргоҳи Парвардгор сабри ҷамил хоҳонанд».




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!