Бахшҳо

«Амонатбонк» ҳамкориашро бо бонки давлатии рушди Чин тақвият мебахшад

Дар пойтахти Қазоқистон Ҷаласаи VII-уми Шӯрои Иттиҳодӣ байнибонкии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа як гурӯҳи корӣ аз Тоҷикистон низ ширкат доштанд, ки шоми дирӯз ба ватан баргаштанд. Тавре Одинашо Муродов, масъули дафтари матбуоти «Амонатбонк» ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, нишасти мазкур бо суханонии ифтитоҳии муовини нахуствазири Қазоқистон Исекешев оғоз гардида, дар рафти баргузории ҷаласа  якчанд масоил ҷиҳати рушду  мустаҳкам намудани ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар минтақа, мавриди барасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар ҳоли ҳозир ҳуҷҷатҳои асосии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гаштааст. Ин шароити мусоидро барои рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои бонкҳои аъзои ИББ СҲШ дар оянда таъмин менамояд.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа бо маърӯзаи ҳисоботӣ роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси раёсати «Амонатбонк»- Гулнора Ҳасанова баромад намуда, оид ба дастоварҳои ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ тӯли солҳои сипаришуда маълумот дод. Ҳамзамон, таклифу пешниҳодҳои  ҷониби Тоҷикистонро оид ба фаъолгардонии маблағгузорӣ, лоиҳабандӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамолики аъзои СҲШ, ба шикаткунандагон пешкаш намуд. Бо анҷоми кори ҷаласа аз тарафи иштирокдорон санади марбута ба имзо расида, як зумра мулоқоту гуфтушунидҳо гузаронида шуд. Раиси раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо нойиб - райиси Бонки давлатии рушди Хитой Гао Тсзян ва масъулини раёсати ҶС «Бонки Рушди Қазоқистон» мулоқоти ғайрирасмӣ доир намуд, ки дар рафти онҳо масоили вусъати ҳамкориҳо мавриди муҳокима қарор  гирифт.

 

{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)