Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:49

Суғд: Дар Ашт мактаби нав мавриди истифода қарор гирифт

27 ноябр 2012, 06:50

Дар рустои Марҳамати ноҳияи Ашт як таълимгоҳи ибтидоӣ ба истифода дода шуд.

Мактаб иборат аз 4 синфхона буда, ҷойи хонишро барои 200 хонандаи аз синфи 1 то 4 фароҳам оварда, 4 муаллим ва директори мактабро бо ҷои кори доимӣ таъмин менамояд.

Тавре ба Озодагон аз Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи сафорати ИМА дар Душанбе иттилоъ доданд, мактаби мазкур аз ҷониби барномаи “Беҳдошти cубот дар Тоҷикистон” (ББСТ)-и Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) сохта шудааст.

Дар маросими ба истифода додани бино, намояндаи USAID хонум  Макдоналд қайд намуд, ки: «Ягон давлат бе дастгирии ҷавонони бомаърифат қуллаҳои баланди пешравиҳоро фатҳ ва сатҳи қашшоқиро паст накардааст. Аз ҳамин сабаб, мо бояд боварӣ ҳосил кунем, ки фарзандонамон соҳиби маълумоти босифат шаванд. Бахусус, ин барои духтарон муҳим аст, зеро онҳо на танҳо шаҳрванди фаъол бояд бошанд, балки бояд модарони бомаърифат шаванд, то ки фарзандони босаводро ба камол расонанд».

Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Ашт, Азимбой Азизов, раиси ҷамоати Ошоба, Абдулҳай Муминов, волидон, кӯдакон ва аҳолии маҳал низ иштирок карданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!