Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:30

Олмониҳо ба кормандони «Тоҷиксодиротбонк» дарс мегӯянд

27 ноябр 2012, 07:03

Ин бонк тасмим дорад, роҳбарон ва кормандони филиалҳои худро барои таҷрибаомӯзӣ ба Олмон  фиристад.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии «Тоҷиксодиротбонк», имсол бо дастгирии Вазорати федеролӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи ҳамкориҳо миёни ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва Гурӯҳи молиявии “Шпаркассе” таҳти унвони “Роҳбарӣ ва идораи филиалҳо” семинар баргузор мешавад.

Дар семинар, ки аз 24 ноябр то 1 декабри соли равон дар Академияи хазинаҳои амонатгузорӣ дар шаҳри Валдтхаузен доир мешавад, 21 нафар кормандони “Тоҷиксодиротбонк” иштирок менамоянд.

Семинар тарҳи нави талабот оид ба идораи минтақавиро мавзӯи баррасӣ қарор медиҳад. Ҳамчунин таҳкимбахшии муносибот бо мизоҷони хусусӣ, асосҳои иртибот, шаклҳои муносибат бо мизоҷ, барномарезии иқдомот барои таъмини бозорёбӣ ва мавзӯъҳои дигари ба ин масъалаҳо алоқаманд мавриди омӯзишу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!