Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:35

Нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 100% иҷро шуд

27 ноябр 2012, 10:03

Нимаи аваали имрӯз, 27-уми ноябр дар яке аз қисмҳои низомии гарнизони Душанбе 75 нафар навдаъватшудагон барои хизмат ба халқу ватани худ савганд ёд карданд.

Маъракаи савгандёдкунӣ бо иштироки волидони наваскарон сурат гирифт, ки дар ҷараёни чорабинии мазкур полковник-Изатулло Қурбонов, сардори раёсати қушунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолотҳои фавқуллодаи кишвар навдаъватшудагонро барои ворид шудан ба сафҳои қувваҳои мусаллаҳ ва савганди ҳарбӣ ёд карданашон табрик намуда бо ишора ба наваскарон афзуд: «Барои он ки ин сарзамин ва ин марзу бум насиби миллати куҳанбунёди тоҷик бошад Шумо насли ҷавон бояд онро самимона дӯст доред ва ҳар як ваҷаби хоки ин сарзаминро чун гавҳараки чаш нигоҳ доред ва садоқати худро ба халқу ватан нишон диҳед ва барои муҳофизати ватан ҳиссагузор бошед».

Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳамаи сарбозоне, ки ба қисмҳои низомӣ шомил гардидаанд, ба курсҳои кӯтоҳмуддати ибтидоии ҳарбӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳамаи наваскарон баъди шомил шудан ба сафҳои қувваҳои мусаллаҳ дар қисмҳои низомӣ ба таълиму тарбия ва дар курсҳои кӯтоҳмуддати омодагии ибтидоӣ ҷалб карда мешаванд. Ин гуна курсҳо дар бисёре аз қисмҳои низомӣ созмон ёфта, наваскарон ба ҳайси сарбозони комилҳуқуқи қувваҳои мусаллаҳ  савганди ҳарбӣ ёд мекунанд.

Гуфта мешавад, феълан дар бисёре аз қисмҳои низомӣ, навъҳои қувваҳои мусаллаҳ, ҷузъу томҳои алоҳидаи тобеи вазорати мудофиа ва умуман дар дигар сохторхои қудратии мамлакат маросими савгандёдкунии наваскарон ҷараён дорад.

Дар ин чорабинӣ қайд гардид, даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи артиши миллӣ дар Тоҷикистон, ки давоми ду моҳ идома дошт, сад дар сад иҷро шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!