Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:46

«Шаби дур аз ватан» -и Бозор Собир дар Малдова

28 ноябр 2012, 07:29

Намоишномаи ҳамномро Нозим Меликов таҳия карда, дар ҷашнвораи байналмилалӣ дар шаҳри Кишинёв ба намоиш гузоштааст.

Тибқи иттилои вазорати фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 27-уми ноябр, ин саҳнаро Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар чаҳорумин ҷашнвораи байналмилалии ҳунари театрӣ бо номи "Moldfest.Rampa.Ru"  иҷро кард. Гуфта мешавад, ин намоишнома аз рӯйи асари Бозор Собир, шоири саршиноси тоҷик  таҳия шуда ва қаблан дар ҷашнвораҳои байналмилалии театрӣ дар кишварҳои  Эрон, Қирғизистон ва ҳамчунин дар бузургтарин ҷашнвораи театрии Тоҷикистон зери унвони "Парасту" ба намоиш даромада буд.

-Ҷашнвораи театрӣ дар Кишинёв 23-уми ноябр оғоз шуда ва то 30-уми ноябр идома хоҳад кард. Дар ин фестивал, дар баробари театри тоҷик, театрҳо аз Русия, Малдова, Украина, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Олмон, Исроил, Полша, Италия ва Эстония ширкат мекунанд,-афзуд манбаъ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!