Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:06

Дарёфт ва мусодираи 5 кило нашъа. Аз «Мерседес»

28 ноябр 2012, 07:50

Дар ин бора ба Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд

Аснои гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор, Уматалиев Комил Отахоновичи 39-сола боздошт гардид. Номбурда сокини деҳаи Зафарободи ноҳияи Ҳамадонӣ буда, пеш бо моддаи 200-и КҶ ҶТ суд шудааст.   

Манбаъ афзуд, ҳангоми кофтукови автомашинаи шахсии ӯ, ки  тамғаи «Мерседес-Бенс» аст,   аз қисми пеши курсии мусофир 1 килою 978 грамм маводи нашъадори ҳероин, 1 килою 918 грамм маводи нашъадори  ҳашиш  ва 890 грамм  афюн дарёфт ва мусодира карда шуда: «Дар маҷмӯъ, вазни холиси ин мавод  4 килою 786 граммро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!