Бахшҳо

Coca-Cola ба Тоҷикистон 60 миллион доллари ИМА меорад

То ҳол бозори Тоҷикистон аз ҷониби ширкати Coca-Cola мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифта буд ва айни замон бевосита вақти он расидааст, ки ин ширкат ба бозори Тоҷикистон ворид шавад.

Ин нуктаро Ҳусейн Акин, президенти ширкати Coca-Cola оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ зимни мулоқоташ бо Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, иброз дошт.

Аз кумитаи мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, ки Ҳусейн Акин илова намудааст, ки дар асл хеле навовариҳои зиёди мусбӣ дар ҷараёни рушди мамлакат ба назар мерасад ва алҳол фазои сармоягузории Тоҷикистон мусоид гашта, новобаста аз ин ислоҳотҳои навин босуръат татбтиқ мегарданд: «Ширакти Coca-Cola омодааст татбиқи лоиҳаи сармоягузориро оид ба истеҳсоли маҳсулоти худ дар Торҷикистон оғоз намуда, дар марҳилаҳои аввал ба андозаи 30 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ ворид гардонад, ки дар муддати 10 соли минбаъда ин нишондиҳанда 2 маротиба зиёд хоҳад шуд».

Давлаталӣ Саидов дар ин нишаст қайд кардааст, ки Тоҷикистон ҷиҳати ворид шудани ширкати Coca-Cola ба иқтисодиёти мамлакат ва сармоягузории он ҳавасманд мебошад.

Дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки Тоҷикистон фазои мусоидро барои сармоягузорон фароҳам оварда, дар ин ҷода боз талошҳои зиёдеро анҷом дода истодааст, зеро рушан аст воридоти сармояи мустақим дар замони муосир дар рушду нумўи ҳар як давлати дунё нақши хосса ва бузургеро иҷро менамояд, ки Тоҷикистон низ барои ҳама сармоягузорони дунё дарвозаҳои кушода эълон намуда, конунгузории мамлакат  таъмини ҳуқуқу манфиятҳои сармоягузоронро кафолат медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, дар ҷараёни ҳамоиш тарафҳо ба созиш омаданд, ки оиди ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди тарафайн байни кумита ва ширкати Coca-Cola ёддошти таффоҳум ба имзо расонида, дар якҷоягӣ имконияту шартҳои сармоягузории ширкатро дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Ҷиҳати ҳалли масъалаҳои гузошташуда гурўҳи кории муштарак аз ҳисоби намояндагони ширкати Coca-Cola дар Тоҷикистон ва намояндагони масъули кумита таъсис дода шуд, ки гурӯҳи мазкур кори худро шурӯъ намудаанд.
Мӯҳр
Coca-Cola ва Pepsi-Cola- ангезандаи касалии саратон?
Дар таркиби нӯшобаи кока- кола ва пепсӣ- кола кансероген (моддаи кимиёвие)- ро кашф кардаанд, ки боиси шаклгирии бемории саратон аст.
Дар ҳоли ҳозир тавлидкунандагони ин навъи нӯшоба маҷбуранд, таркиби ин нӯшокии маҳбуби оламро тағйир диҳанд. Дар сурати дигар ночор бояд дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар шишаҳои он навиштаи зарарнокии он пайдо шавад.
Гуфтанист, ин мода (кансероген) дар таркиби ранге мавҷуд будааст, ки ранги онро тағйир медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки бренди Pepsi-Cola ва Coca-Cola дар ИМА аз соли 2006 то 2010 қиматтарин бренд ба шумор мерафт, ки тибқи омор ҳар сония беш аз 8 ҳазор истакон аз ин нӯшокиро мардуми ҷаҳон истеъмол мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)