Бахшҳо

261 нафар даст ба худкушӣ задаанд. Дар шимоли Тоҷикистон

Ҳодисаҳои худкушӣ ва суйиқасд ба ҷонро дар давраи даҳ моҳи соли 2012 мавриди муҳокима қарор доданд.

Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон, дар толори Кохи ба номи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд  ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят доир гардида, ин масоил мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд  ҷаласаро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки масъалаи мазкур дар ҳақиқат  ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш гузоштааст: «Худкушӣ ва сӯиқасд ба он, бо вуҷуди андешидани чораву тадбирҳои зиёд, рӯ ба афзоиш дорад ва рух додани ин ҳодисаи номатлуб ягон нафар узви ҷомеаи солимро бетараф намегузорад».

Бино ба иттилоъи расмӣ тайи 10 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 261 нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  39 адад ё 14,9 дарсад зиёд аст. Чунин ҳодисаи нанговар, бахусус дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Спитамен, Қайроққум, Ашт, Айнӣ, Зафаробод, Конибодом, Исфара, Шаҳристон, Чкалов афзудааст. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар бораи вазифаҳои аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, сохтору шӯъбаҳо ва раёсатҳои он сухан карда гуфт, ин сохторҳо бояд бо қишрҳои мухталифи  ҷомеъа ҳамкорӣ намоянд ва аз вазъи иҷтимоии сокинон доимо бохабар бошанд.        

Ҳамзамон, ҷаноби Расулзода аз кулли иштирокдорони ҷаласа даъват кард, ки дар мубориза баҳри пешгирии ҳодисаи   худкушӣ ва суйиқасд ба он дар қаламрави вилоят саҳм бигиранд.  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)