Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:33

Афзоиши кӯмакҳои башардӯстонаи ИМА ба Тоҷикистон

28 ноябр 2012, 11:02

Бино ба иттилои Агентии омор, Тоҷикистон тайи даҳ моҳи сипаришуда аз 41 кишвари хориҷи дуру наздик ба маблағи 54113,2 ҳазор доллари ИМА ёрии башардӯстона дарёфт кардааст.

Ҳаҷми умумии ин кӯмакҳо 17589,8 тоннаро ташкил дода, аз ҷумла 12092,7 тоннаи он орд (ба маблағи 6115,6 ҳазор доллар) ва 514,9 тоннаи дигарро равғани растанӣ (799,4 ҳазор доллар) ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, маблағи 19620,1 ҳазор доллар доруворӣ ва 2047,8 ҳазор доллар либосу пойафзол ва кӯрпаю болишт, дастгоҳҳои тиббӣ, асобобҳои маишии электронӣ, таҷҳизоти компютерӣ ва ғайраҳо мебошанд.

Манбаъ мегӯяд, беш аз 37 дарсади ҳаҷми умумии кӯмакҳо ба ИМА рост меояд: «Нидерланд (6,8%), Чин (10,9%), Миср (3,9%), Латвия (3,4%), Олмон (3,0%), Эрон (2,9% ), Ҷумҳурии Корея (2,9%), Фаронса (2,3%), Дания (1,8%)  дар феҳрасти кишварҳои кӯмаккунанда ҳастанд. Аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил Русия (13,0%), Қазоқистон (3,5%) ва Қирғизистон  (1,2%) низ ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона фиристодаанд».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!