Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:00

Президент: Афғонистон дучори мушкил нахоҳад шуд

29 ноябр 2012, 05:40

Ҳомид Карзай бо таъкид бар ин ки Афғонистон пас аз соли 2014 дучори мушкил намешавад, расонаҳои ғарбиро ба шоеапароканӣ алайҳи Афғонистон муттаҳам кард.

Райисҷумҳури Афғонистон имрўз бо ҳузур дар нишасти иқтисодӣ -саноеъи миллии Афғонистон ва фурсатҳои сармоягузорӣ дар Кобул эълон кард, иллати шоеъапарокании расонаҳои ғарбӣ алайҳи Афғонистон, шоназанӣ дар хусуси паймони амниятии Кобул- Вашингтон аст. Ҳомид Карзай бо ишора ба ройзании мақомоти афғон ва амрикоӣ дар хусуси паймони амниятии Кобул- Вашингтон гуфт, ки Афғонистон ба шиддат манофеъи Афғонистонро дар ин паймон ҷустуҷӯ мекунад, дар ҳоле, ки Амрико низ дунболи манофеъи худ дар ин паймон аст.

Вай афзуд, ки расонаҳои ғарбӣ ба шиддат бар давлати Афғонистон фишор ворид кардаанд, то таслими онон шаванд. Ҳомид Карзай ниҳодҳои вобаста ба Амрикоро ба ироаи иттилооти нодуруст дар бораи ояндаи Афғонистон муттаҳам кард ва гуфт, ки бархе аз ин ниҳодҳо дар бораи ояндаи Афғонистон ғайбгӯӣ мекунанд.

Вай бо тақдир аз тавлидоти Афғонистон, теъдоде аз доруҳоеро, ки дар Афғонистон тавлид мешавад, ба ҳозирон нишон дод. Карзай афзуд, ки кайфияти ин доруҳо чун шарбатҳои витамин, нисбат ба тавлидоти кишварҳои дигар аз кайфияти беҳтаре бархурдор аст.

Маврид ба тазаккур аст, ки расонаҳо ва бархе аз ниҳодҳои вобаста ба Ғарб аз шаш моҳи гузашта, ҳамвора гузориш додаанд, ки Афғонистон пас аз соли 2014 дучори буҳрони сиёсӣ ва иҷтимоӣ хоҳад шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!