Сӯхтори чанд рӯз қабл ба амал омада дар як нуқтаи фурӯши сӯзишвории пойтахт чунин хисорот дар пай дошт.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, рӯзи 27-уми ноябри соли равон, тахминан соати 10:20 дақиқа дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар кӯчаи Карамов-65, ки ба шаҳрванд Соро Сангова тааллуқ дорад, дар масоҳати 150-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа аз таъсири ҳарорати баланди гармӣ «Камаз» ва «Дулан», ки дар назди НФС меистоданд, сӯхтаанд.
Сабаби сар задани сӯхтор то ҳанӯз мушаххас нашудааст
Мӯҳр