Аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлётӣ набаромадани ронанда боиси ба миён омадани садамаи нақлётӣ гардид.
Аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ки Фахриддини Тоҳирӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Сарбанд ба самти ноҳияи Данғара дар ҳудуди ҷамоати Бустонқалъа аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Деу-Нексия», ки таҳти идораи ронанда Ашур Зарипов, соли таваллудаш 1957, қарор дошт, бархӯрдааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин садамаи нақлётӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Деу-Нексия» Ашур Зарипов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони дигари автомашинаи «Деу-Нексия»- Ҷумахони Ҷаббор, Ҷамолиддин Мирзошарипов ва ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи шаҳри Кӯлоб бистарӣ шудаанд.
Мӯҳр