Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:13

«Насиҳат» - и Медведев ба «подшоҳон» -и Осиёи Миёна

17 июн 2011, 09:29

Чӣ ва чаро президенти Русияро якбора ба Тошканд овард.

Мулоқоти Дмитрий Медведев ва Ислом Каримов паси дарҳои баста сурат гирифт. Бино бар навиштаи хабаргузориҳо раисҷумҳури Ўзбакистон қабл аз баргузории мулоқот аз ҳамтои русаш даъват ба амал овардааст, то дар ин сафар ўро рўзноманигорон ҳамроҳӣ накунанд. Сабаби аслии ин «дархост» дар махфӣ боқӣ мондани ҷузъиёти музокироти дуҷониб арзёбӣ шудааст. Зимнан яке аз  ҳадафҳо аз сафари Медведев ба Тошканд пуштибонии Маскав дар ҳоли бурузи нооромиҳо дар Ўзбакистон арзёбӣ мегардад. Зеро тибқи хабарҳо дар ин авохир мухолифини сиёсии Каримов, ки дар Ғарб ба сар мебаранд, хеле фаъол шудаанд ва ба Тошканди расмӣ ҳушдори ҷиддӣ низ додаанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон ин баҳамоии мухолифин дар Аврупоро дар Тошканд ва Маскав ба гунае қабул кардаанд, ки Ғарб боз ҳам иқдомҳое ба муқобили ҳукумати Каримов анҷом доданист.
Аммо, коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки бовуҷуди ба баррасӣ гирифтани равобит ва ҳамкории дуҷонибаи ҳукумати Медведев ва Каримов ҳатман масоили марбут ба ҳавосиди кишварҳои араб ва масоили равобит ва мавқеъгирӣ бо Тоҷикистонро низ матраҳ кардаанд. Тахмин зада мешавад зимни ин мулоқот аз ҷумла масоили энергетикии минтақа ва хоса нерӯгоҳи «Роғун» ҳатман мавриди баррасӣ будааст. Чун ду соле қабл як сафари дигари Медведев ба Тошканд боиси сару садо ва таъсиргузор дар муносибати байни се кишвар оварда буд, эҳтимоли такрори ин ҳолатро ин дафъа низ коршиносон тахмин мезананд. Гӯё чунин ҳолат маҳз дар паи сиёсатҳои ахири Душанбеи расмӣ, ки «рӯ ба Ғарб» маънидод мегардад, ҳосил шудааст.
Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари маркази таҳлилии «Диалог» мегўяд дар ин сӯҳбати байни Медведев ва Каримов, ки пушти дарҳои баста сурат гирифтаасту ҳанӯз маълумоти дақиқи расмӣ дар ин бора паҳн нашудааст, эҳтимол бисёр кам аст, ки мавзӯи кишвари мо дар миён наомада бошад. Ба гуфтаи ӯ феълан муносиботи байни Душанбе  - Тошканд - Маскавро наметавон гарм гуфт.
Ба бовари номбурда сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо, ки гӯё боис ба мавқеъгириҳои ниҳоии Маскав шудааст, ду ҳадафи аслӣ дошт, ҷалби сармоя ва пуштибонӣ аз  лоиҳаҳои энержӣ. Зеро, президенти Тоҷикистон аврупоиёнро мутақоид кардааст, ки дар сурати ирсол накардани ёрии молӣ, ҷаҳонро мавҷи дигари тундгароии исломӣ фаро мегирад. «Ҳарчанд сафари президенти Тоҷикистон ба Аврупоро метавон як сафари бенатиҷа номид, аммо он ба манфиатҳои Тошканд ҳатман чизе зам кард» изҳор дошт Ҳикматулло Сайфуллозода.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи таҳлилгарон сардии байни Тошканду Душанбе ба як миёнҷигарӣ зарурат дорад ва бисёриҳо чунин мақомро дар мисоли Русия мебинанд. Президенти Тоҷикистон бошад дар сафари аврупоии худ ба таври рамзнок ба кишварҳои ғарбӣ пешниҳод кард, то ин рисолатро анҷом диҳанд.
Тақрибан бо ҷонибдорӣ аз ин мавқеъ Нуралӣ Давлат, таърихдони тоҷик мегӯяд Душанбе бояд барвақт умеди худро аз Кремл меканд ва аз имконоти дигар истифода мекард. «Чунки Русия аз аввал дар минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатҳои мушаххас дошта, ҳамеша дар пайи пиёда сохтани сиёсати хеш аст, на дар мавриди беҳтар гардонидани муносиботи байни ҳамаи кишварҳои минтақа» мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи муаррихи тоҷик ҳарчанд имконоти ҳал ва таъсиргузории масоили кишварҳои минтақа аз ҳама бештар дар дасти Маскав аст, аммо онҳоро бо ҳадафҳои муайян намехоҳад истифода кунад.
Ҳикматулло Сайфуллозода низ мегӯяд Русия аз ибтидо ҳам кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳама дороиҳои онро моли ҳалоли худ ҳисобида, дахолат ба масоили ин минтақа аз ҷониби кишварҳои дигар Кремлро ба хашм меорад.
- Ҳоло, ки Тоҷикистон нерӯгоҳҳои «Роғун», «Норак» ва корхонаи алюминийро моли давлати худ эълом кард, Русия наметавонист ба ин муросо кунад ва худро таҳқиршуда ҳис кард,- мегӯяд Сайфуллозода.
Коршиносони тоҷик дар ҳоле аз ҷузъиёти равобит ва ҳамкории байни Душанбеву Тошканд ва ҳадафи аслии сафари Медведев мегўянд, ки расонаҳои русӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтани ҳаводиси кишварҳои шарқро яке аз омили аслии гуфтугўи Медведев ва Каримов арзёбӣ мекунанд. Бино бар навиштаи хабаргузориҳои русзабон раҳбари Кремл талош дорад, то мавҷи нооромиҳои шарқи наздик ба минтақаи Осиёи Марказӣ роҳ наёбад. Сергей Затсепилов, раҳбари маркази радиоии «Комеммерсант-FM» гуфтааст, ки ба эҳтимоли зиёд дар ин сӯҳбати тет- а – тет Медведев ба Каримов пешниҳод намуда бошад, ки ӯ ба таври ихтиёрӣ аз курсии президентӣ поин шавад. Ба гуфтаи номбурда чун мулоқоти мазкур дар остонаи ҷаласаи солгарди Созмони ҳамкории Шонхой баргузор мегардад, ҳадафи аслӣ низ ба тавофуқ расонидани системаи нави амниятӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Аммо Дмитрий Медведев пас аз мулоқот бо Каримов дар ҳузури хабарнигорон гуфтааст, ки муносибати феълии байни кишварҳои минтақа метавонад ду ҷанба дошта бошад: мусбат ва манфӣ. Вале зимни ин гуфта ӯ чиро дар назар дошт, тафсир накардааст.
Дар зимн Алексей Власов, раҳбари Маркази мутеолоти пасошўравӣ гуфтааст, ки раҳбари Ўзбакистон аз ҳаводиси ҷаҳони араб ва эҳтимоли фаъол гардидани мухолифони хеш ҳарос дорад. Яъне дар Маскав мутмаин шудаанд, ки дигар бо тӯлонӣ дар сари қудрат боқӣ мондани раҳбарони кишварҳо пеши роҳи «кӯчиши» инқилобҳо ба Осиёи Миёнаро гирифтан имконнопазир аст. Чун Кремл худро ҳокими мутлақи ин минтақа медонад, эҳтимол зада мешавад, ки президенти рус ба наздикӣ дигарҳоро ҳам ба назди худ бихонад ва чунин «насиҳат» кунад: ба хотири манфиатҳои умумӣ аз курсӣ равед!
Хотиррасон мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, 12-уми июн ҳангоми ирсоли барқияи шодбошӣ дар рӯзи истиқлолияти Русия аз ҳамтои русаш даъват ба амал овард, то аз Тоҷикистон низ дидан намояд. То ин замон хабарҳое паҳн шуда буданд, ки ду сафари президент Раҳмон ба Маскав бо сабабҳои номаълум анҷом нашуд.   


Ҳумайрои БАХТИЁР
{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!