28-уми ноябри соли равон дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Бердски вилояти Новосибирски Русия аз дохили воситаи нақлиёт ҷасади чор нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро пайдо намудаанд.
Бино ба иттилои намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия нафарони фавтида- Абдулаҳад Набиеви 22-сола, Абдухалил Набиеви 24 сола, Тӯйхони Набизодаи 20-сола ва Комрони Набизодаи 18-сола мебошанд.
Гуфта мешавад, ҳамаи фавтидагон сокинони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд буда, бо ҳам риштаи хешутаборӣ доштаанд.
Хулосаи пешакии коршиносон нишон додааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз газ ба ҳалокат расидаанд, зеро тамоми шаб дар дохили автомашина қарор дошта, барои гармшавӣ аз низоми гармидиҳии нақлиёт истифода бурдаанд.
Феълан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тафтишоти шаҳри Бердск ҳодисаи мазкурро мавриди таҳқиқ қарор дода, масъалаи кушодани парвандаи ҷиноӣ баррасӣ мешавад.
Мӯҳр