Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:20

Домулло Ҳайдар Шарифзода аз бастани масоҷид пуштибонӣ кард…

30 ноябр 2012, 02:52

Шариф Абдулҳамидов, сармутахассиси шӯъбаи дини ҳукумати вилояти Хатлон мегӯяд, дар минтақаи Кӯлоб, фаъолияти 3 масҷиди ҷомеъи шаҳри Кӯлоб бо сабаби вайрон намудани моддаи 13, банди  5-и қонун дар бораи  ба қайдгирии масоҷид муваққатан боздошта шуд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Абдулҳамидов, домулло Ҳайдар Шарифзода, яке аз пешвоёни дин дар минтақаи Кӯлоб, сархатиби масҷиди марказии шаҳри Кӯлоб аз ин амалиёти кормандони шӯъбаи дини минтақа истиқбол карда, дар семинар-машварате, ки рӯзи 29-уми ноябр дар толори ҳукумати вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки   имомхатибони шаҳру навоҳӣ ва мудирони бахшҳои дин доир гашта буд, гуфтааст, «масҷиди бисёр ҳама вақт тафриқаро зиёд мекунад, зеро дар ин масҷидҳо пайравони равияҳои гуногун ва мазҳабҳои ғайр ҷамъ омадан мегиранд. Аз ин хотир, дар шаҳри Кӯлоб фаъолияти 3-4-масҷиди ҷомеъ пурра кофист».

Гузориши хабарнигори махсуси Озодагон дар ин бора пас аз чанд лаҳза ба нашр мерасад.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!