Бахшҳо
30 ноя 2012 05:23Адабиёт

Чӣ СОН НАСӯЗАМУ НАНОЛАМ, КИ…

Дар марги наҷибзода ва олитабор, аллома Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ


Таҳқиқи аҳволу осори устод Айнӣ барои устод Шакурӣ мавзӯъи азалӣ ва ҷовидонаю умрбод будааст. Талошҳою ҷоннисорӣ ва пайкори бесобиқаи устод Шакурӣ дар роҳи покию нафосату латофату нобии забонамон аз ҳамин садоқату вафодорӣ ба устод Айнию ҳиссае аз талошҳояш, ки дар боби забон аст, бармеояд ва ин масъала пас аз сари устод Айнӣ яке аз мавзӯъҳои асосӣ ва марказии эҷодиёти аллома Шакурӣ қарор гирифт. Устод Шакуриро аз ибтидо дар дил нуҳуфта як аламу дарди носур аз тарафи душманону ҳасудон ба пешонаи ӯ часпонидани муҳру тағмаи "қозибача" буд. Замона чунин буд, ки фарзанди муллою қозӣ ва аҳли савод будан гуноҳу ҷиноят маҳсуб мешуд. Онҳое, ки ба номи устод Шакурӣ ин таънаю таҳқирро барбаста буданд, ба хубӣ медонистанд, ки қиблагоҳи бузурги ӯ Шарифҷон махдуми Садри Зиё дар таърихи афкори илмию адабию иҷтимоию фарҳангии интиҳои садаи Х1Х ва ибтидои асри ХХ ба ҳайси як маорифпарвару равшанфикру ҳақгӯю адолатпарвар ва мурабии мунавварфикрони ҷавон чӣ хидмати арзишманде карда, аз хештан 65 номгӯй асари фароҳамомада дар 11 ҷилд ба мерос гузоштааст (ин осор дар Китобхонаи давлатии ба номи Навоии шаҳри Тошканд маҳфуз аст). Инчунин ба гуфти устод Айнӣ, хонаи Садри Зиё "Мактаби адабиёти давр" буду аз "дарсҳо"-и "мактабхона"-ю аз маҷлисҳои маҳфили адабии ӯ  "хазинаи дониши кас аз лавз ва маънӣ пур мешуд" ва ӯро "аввалин тарбиятгари маънавии худ" ҳисобида буд. Садри Зиё барои устод Айнӣ аз мадрасаи машҳури Кӯкалтоши Бухоро ҳуҷра харидааст, ки солҳои 1902-1917 дар он зиндагӣ кардааст ва ҳамчунин барои Мирзо Абдулқодири Мунҷим низ ҳуҷрае додааст. Ин таънагарон медонистанд, ки Садри Зиёи маорифпарвар, адабу адибу олиму сағерапарвар ва ҳақгӯю равшанфикрро амири Бухоро чашми дидан надошт ва ҳамеша дар музофоти Бухоро дар бадарғаю назарбандӣ нигоҳ медошт ва соли 1918 ҳангоми маҳбусиаш дар Насаф (Қаршӣ) дастнависҳои пурарзиши "Рӯзнома", "Тазкори ашъор", "Наводири Зиёия" ва амсоли инро дар пеши чашми ӯ сӯзониданд ва ӯ баъд ин китобҳоро аз нав навишта аст, аз нав барқарор кардааст. Бадгӯёни Садри Зиё ва фарзанди некномаш Муҳаммадҷон медонистанд, ки ин маорифпарвари бузург танҳо 16 рӯз (аз 25 март то 5 апрели соли 1917) қозикалон (ақзалқузот)-и Бухоро будаасту бо айби бегуноҳӣ дар зиндони Шӯравӣ аз бемории тиф соли 1932 вафот карда, аз роҳи маҳбас ба қабристон бурдаанд. Касе, аз ҷумла устод Айнию Муҳаммадҷони Шакурӣ намедонистаанд, ки Садри Зиё ба кадом ҷурму гуноҳ маҳбас шудаву дар зиндон фавтидааст. Душманонашон гумон доштанд, ки ӯ ба сохти Шӯравӣ хиёнате содир кардааст, биноан ӯро чун фарзанди душмани халқ таъна мезаданд ва ин таънаҳо дилу ҷигари Муҳаммадҷони Шакуриро сурох мекард. Оқибат соли 1960 дар ҷавоби мактубаш Муҳаммадҷони Шакурӣ аз додситони ӯзбакистон чунин ҷавоб гирифтааст: Падари Шумо "ба ҷинояти давлатӣ гунаҳкор дониста нашудааст, маҳкум нагардидааст".

Яъне Садри Зиё чун ҳама бузургони мо танҳо ба "гуноҳ"-и аҳли илму фазлу дониш, ҳақгӯю адолатхоҳу сағерапарвару дӯстнавоз ва ватану миллатдӯст буданаш ҳам дар даврони амирӣ ва ҳам дар даврони Шӯравӣ, фарзанди наҷиби ин бузургвор Муҳаммадҷон бошад ҳам дар даврони Шӯравӣ ва ҳам дар даврони истиқлолият аз ҳасудону нотавонбинон ранҷу заҳмату азоб кашидаанд. Оқибати бадбинию бадхоҳии душманони устод Шакурӣ ба дараҷае расид, ки ҳатто вохӯрии устодро ба Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳдуд ва ҳатто маҳрум карданд. Ин корро чунин ташкил карданд: Қаблан дар ҷаласаву ҷамъомадҳои бузурги давлатӣ, ки бо иштироки сарвари давлат сурат мегирифт, дар толор ҷойи нишасти устод Шакурӣ дар радифи аввал буд ва пас аз хатми маърӯза ҳатман Ҷаноби Олӣ бо ӯ вохӯрӣ ва сӯҳбат меорост. Вале охирҳои умри устод Шакурӣ ба ӯ аз қаторҳои оқиби толор ҷой медодагӣ шуданд, то вохӯрии ӯ бо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат нагирад. Рӯзҳои охирини умр дар сари  устод андешае пайдо шуда буд, ки душманон ӯро дар қабристони Лучоб гӯронидан намемонанд. Чунин буд охирин муносибату муомилаю вокуниши баъзе маъмурону дастандаркорону рақибони ҳасуду нотавонбин бо устоди бузургвори садҳо шогирди тавоно Маҳмудҷони Шакурӣ.

Устод Шакурӣ дар тамоми давраи зиндагӣ ва фаъолияти илмию адабии хеш фарзанди Бухорои Шариф, фарзанди асилзодаю покгавҳару покниҳод ва яке аз бузургони илму адаби тоҷик Садри Зиё будани хешро собит намуда, ҳамон шуғли маорифпарварӣ, равшангароӣ, дӯстнавозӣ, сағерапарварию беаводӯстдорию инсонпарварӣ, миллату ватандӯстдорӣ ва шогирдони номвар тарбият карданро идома дод ва обрӯю эътибори падари бузургворро як бар чанд афзуд, аз ӯ чанд зина болотар рафтанд.
Муҳимтар аз ҳама устоди арҷманд ба лабу даҳони бадхоҳони миллат, ба нотавонбинони худу падар, ба кӯрону карону таҳрифгарони таърих тавассути китоби камназиру нотакрори "Садри Бухоро" (2006) чунон  зарба ва мӯҳре зад, ки натанҳо имрӯз, балки фардо рӯзи қиёмат ҳам имкону ёрои даҳон кушодану ҳарфе гуфтан пайдо нахоҳанд кард.

Шахсе, ки номи падарашро хато менависаду ҳарфҳои таърихи чандҳазорсоларо хонда наметавонад ва ба таърихи ватанаш аз рӯи тарҷумаҳои нокомилу таҳтуллафзӣ ошноӣ ва ҳуруфи арабиро дида китобҳои бузургони моро навишта ба забони арабӣ мепиндорад ва бисёр бузургону нобиғагони Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Истаравшан ва ғайраро ҷинояткору хиёнаткор, ватанфурӯшу миллатфурӯшу тарсӯ…меҳисобад, бо кадом асосу далел Бухорои ҳудуди садаҳои Х1Х-ХХ-ро комилан "сарзамини туркзадае" ва дур аз тоҷикияту эроният медонад.

Ба пиндори ин кӯри таърих гӯё Садри Зиёву фарзандаш Муҳаммадҷон Шакурӣ тоҷик нестанд, "ӯзбаки тоҷикзабон ҳастанд" (хушо ба ӯзбаке, ки тоҷик шуда барои миллати тоҷик ин қадар хидмати бузургу мондагор кардааст!)

Устод Шакурӣ дар ҷавоб ба ин даъвои беасос навиштаанд: "агар ҳазрати қиблагоҳам ва банда тоҷик набошем, дар ҷаҳон як тоҷик нест" ("Садри Бухоро", саҳ 195).
Ба пиндошти ман, яке аз бузургтарин коре, ки устод Шакурӣ барои таърих, барои имрӯзиёну фардоиён, барои кӯрону карони таърих ва нотавонбинону ҳасудон анҷом додаанд, аз ҳама чангу ғубор, носазогӯию бӯҳтон пок кардани номи шарифу рӯҳу арвоҳи қиблагоҳашон аст. Устод Шакурӣ аз он изҳори қаноатмандӣ мекарданд, ки "хайрият душманони худу қиблагоҳашон дар замони зинда будани ӯ ин тӯҳматномаҳоро навиштаву чоп карданд ва ман ба онҳо ҷавоби дандоншикан додам.

Агар худо накарда ин фаҳшномаю бӯҳтонномаҳо пас аз сари ман чоп мешуданд, кӣ ба онҳо ҷавоб менавишту онҳоро шармандаву шармсор ва радди маърака ва арвоҳи падарро шод мекард? Устод Айнӣ гӯё медонистааст, ки рӯзе чунин даъвогарону мункирону кӯрони таърих пайдо мешаванду чунин даъвоҳои беасос мекунанд ва қаблан ба чунин саволҳову даъвоҳо дар асарҳои хеш ҷавоб гуфтаанд ва ман дар ҷавобномаам дар "Садри Бухоро" ба ин гуфтаҳои устод Айнӣ такя кардам, тавассути гуфтаю навиштаҳои устод ононро маҳв кардам".

Ман "Садри Бухоро"-ро хондаму ба хулосае расидам, ки минбаъд ин мухолифину бадгӯёни нотавони устод Шакурӣ набояд сар боло карда бигӯянд, ки мо ҳам олимему унвони илмӣ дорему узви вобастаю пайвастаи академияи улум ҳастему нон аз амали олимӣ мехӯрем. Ба замми ин аз баҳри унвону мартабаҳои илмӣ бигзаранд.
Ман сари чунин ақида ҳастам: Ҳар кӣ худро тоҷик меҳисобаду мехоҳад, ки бадномӣ, ҳақирию нотавонӣ ва бесалоҳиятию дағдағаи олимтароши ин чаласаводонро бо чашми сар бубинаду бо ақли худ бишносад ва бори дигар ба бузургии устод Шакурӣ сари таъзим фуруд орад  ва дарк кунад, ки ин қозибачаи дирӯзаю алломаи имрӯза чӣ қудрати бузурги маънавию ахлоқию мантиқӣ дорад, ҳатман бояд "Садри Бухоро"-ро ҳамеша бо худ дошта, вақти зарурат онро мутолиа кунад, то шаҳду шаккарини ин навишта аз даҳони ӯ наравад.

Устод Шакурӣ ин китобро аз беҳтарин навиштаҳои хеш мепиндоштанд, зеро ҳама душманони 50-60 солаи худу падари бузургвор ва ин олимони хасакиро дар он зеру забар ва тору мор карданд. Устод ин китобро бо соядасти зайл ба ман тақдим карда буданд: "Барои Юсуфи Акбарзода-дӯсти азиз ва фозили арҷманд, афсӯс, ки ҳадяи наврӯзии банда шаммае аз дардҳои таърихи фарҳанги тоҷикон аст. имзо. 22-111-2005."

Устод Шакурӣ андешаҳои хешро ба рақибони номардашон бо чунин гуфтаҳои Аҳмади Дониш (аз "Таърихча") ҳусни хулоса бастаанд: "Ин тоифа мардуми бӯҳтонзан номи кишвар ва бузургони онро "ба шумию беаҳмиятию бе?айратӣ паст карданд  ва Бухорову Самарқанд, ки ба адлу инсоф ва дину диёнат ва илму амонат ба соири билод ифтихор оварда ва мумтоз буд, инҳо бадноме карданд, ки то сури растохез аз олам наравад ва аз таърих маҳв нашавад."

Солҳои ҳамкорӣ дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёту кумитаи  истилоҳот шоҳиди ҳол будам ва бо чашми сар медидам, ки ҳар рӯз чанднафарӣ корафтода-олиму адибшаванда, китобнавис аз соҳаҳои мухталифи илм ба ҳузури устод барои гирифтани маслиҳатҳои муфид, хонондану таҳрир кунонидану навиштани сарсухану тавсиянома барои дифоъу нашру пазируфтан ба узвияти Иттифоқи нависандагон, навиштани тақризу тавсия барои гирифтани унвонҳои илмию ифтихорӣ меомаданд ва касе аз ин даргоҳ ноумед намерафт. Баъзе адибону олимон то ҳазор саҳифа дастнависҳояшонро меоварданд, ки муаллим хонда, таҳрир карда барои чопу ҳимоя пешниҳоду тақриз ё сарсухан нависанд ва ҳатто тақозо мекарданд, ки устод ин корро тезтар- дар як рӯзу ду рӯзу се рӯз анҷом диҳанд ва устод ба ҳамаи ин хоҳишу талабҳо як ҷавоби мусбат доштанд: "Хуб шудааст!"

Устод ҳами корҳои таъҷилии худу шӯъбаро як сӯ монда, ба иҷрои кори ҳоҷатмандон машғул мешуданд. Агар асарҳои ҳоҷатмандон ҳаҷман хурду мӯҳлати иҷрояшон оҷил мешуд, утоқи кориашонро аз дарун қуфл зада, ҳама корҳоро як сӯ гузошта "супориш"-и шахси корафтодаро иҷро мекарданд, вале агар асар калонҳаҷм ва вақти анҷом доданаш мӯҳлати зиёдро талаб мекарда бошад, ба хона бурда, ба навбат хондаву таҳрир кардаву сарсухану тавсияву тақриз навишта меоварданд. Ҳар бегоҳ баъди хатми кор ба хона як ҷузвдон дастнавис мебурданду ҳар субҳ боз ҳам як киф дастнависҳои таҳриршударо меоварданд. Устод дастнависҳоро хонда мисли дигарон ба зери ҷумлаҳои хароб ва паҳлуи андешаҳои ғалат хаткашида дар ҳошия "бесавод!", "беақл!", "аблаҳ!" наменавиштанд, балки ин ҳамаро таҳриру такмил мекарданд, ба зери андешаҳое, ки тафтишу дақиқ тақозо мекард, аломати савол ва ё аломати ташреҳу илова мегузоштанд ва ҳангоми сӯҳбати рӯ ба рӯ маънии аломатҳо ва тарзу усули ислоҳи хатоҳоро  шарҳ медоданду меафзуданд, ки Шумо ин хатоҳоро  ислоҳ кунед, ман боз мехонам, то кор пухта ва барои чоп омода шавад. Баъзан мо кормандони шӯъбаи адабиёти пажуҳишгоҳи забон ва адабиёт ва кумитаи истилоҳот, медидем, ки ҳафтаҳо устод ба анҷом додани "супоришҳои беруна" машғул мешуданд, ба заҳматҳои ройгони муаллиму баъзан ақиб мондани иҷрои нақшаи корҳои худашон раҳмамон меомаду мехостем ба муаллим эътироз кунем, диламон месӯхт. Боре ман ҷуръат карда ба муаллим гуфтам:- мо маслиҳат кардем, ки дигар ҳар касро мустақиман ба назди шумо даромада беҳуда вақтатонро гирифтан намемонем, асарҳои меовардаашонро худамон хонем ва агар зарурат пайдо шавад, ба шумо муроҷиат кунем. Муаллим дар ҷавоб гуфтанд:

- Не, ҳаргиз ин корро накунед, онҳое, ки назди ман меоянд, корафтода ва муҳтоҷ ҳастанд, одам гуфта назди ман барои гирифтани маслиҳат аз ким куҷоҳо меоянд. Шумо мехоҳед, ки онҳоро ноумед гардонед?..

"Ба корафтода коромӯз мебош!"- гуфтаанд бузургон. Бояд гуям, ки устод ҳамаи ин корҳои миёншикан ва ҷигархункунандаро холисона ва ройгон анҷом медоданд. Агар устод барои анҷоми корҳои  ба ваҷҳи аҳсан анҷомдодаашон аз муаллифону корафтодагон мисли баъзеҳо маблағ меситониданд, доротарин фарди ҷомеа мебуданд ва ҳар моҳ рӯзи маошгириро интизорӣ намекашиданд. Солҳои ҷанги бародаркушӣ гуфта буданд:- Хайрият, ки дар вақташ академик шуда будаем, вагарна ба ин маоши ночиз аз гуруснагӣ мемурдем.

Дониши фаровон, ақли даррок, меҳрубонию дилсӯзӣ, одамияти баланд, ҳалимию хоксории фавқулода ва эҳтироми хосу падарона ба шогирдонро дида, ҳама мехостанд, ки шогирди устод бошанд ва таҳти роҳбариашон соҳиби унвонҳои номзадию доктори илм шаванд. Устод ба ин орзуву хоҳиши онҳо сахт мусоидат мекарданд. Шогирдоне, ки таҳти сарварии устод соҳиби унвонҳои илмии номзаду докторҳои илми суханшиносӣ шудаанд, даҳҳо нафар ҳастанд. Аксари шогирдонаш деҳқонзодаю бечораю бепуштупаноҳи кӯҳистонию бебизоат, вале мисли худашон ҳунарманду соҳибистеъдоду хештаншиносу ватану миллатдӯст ҳастанду ифтихору нангу номуси миллӣ ҳастанд. Ман боз  бисёр олимони адабиётшиносро медонам, ки роҳбари илмиашон ашхоси дигар бошанд ҳам, рисолаҳои номзадию докториашонро таҳти роҳнамоӣ, маслиҳату машварат, зери назару таҳрир ва муқарризии устод дифоъ кардаанд. Ҳамчун ашхосе, ки ба таҳқиқи таърихи илми мо - таърихи мусиқию "Шашмақом", фалсафа, риёзӣ, мантиқ, илми омӯзгорӣ (педагогика) ва ғайра машғул буданд, аз маслиҳатҳои бедареғу арзишманди устод бархурдор гаштаанд. Бисёр воқеъ шудааст, ки баъзе муққаризони расмии номзаду докторшаванда ба хотири зарба задан ба рақиби роҳбари унвонҷӯ як рӯз қабл аз ҳимоя ба унвонҷӯ хабар медоданд, ки ба хондани рисолаю навиштани тақриз имконият наёфтааст ва ё андешааш ба рисолаи ӯ манфисту наметавонад дар ҳимоя иштирок ва аз рисола дифоъ кунад. Чунин хабари нохуш барои унвонҷӯ ба марг баробар аст.

Дар чунин маврид бояд унвонҷӯ ва шӯрои илмӣ шахси сазовору фидоиро пайдо кунанд, ки то субҳи дигар рисолаи 200-400 саҳифаро хонда, матни маърӯза навишта, дар Шӯрои дифоъ иштирок ва аз унвонҷӯ пуштибонӣ кунад. Кам касоне пайдо мешаванд, ки чунин вазифаи мушкилро ба ӯҳда гиранд. Вале устод Шакурӣ дар иҷрои  ин кори хайр низ яктою ягона буданд ва чандин унвонҷӯро аз сириф шудани ҳимояю маҳрумӣ аз унвонҳои илмии номзаду доктори илм наҷот додаанд.

Шогирдон барои устод Шакурӣ на шахси тобеъу ҳалқабаргӯшу фармонбардору вобаста, балки дӯсту бародари мушфиқ, фарзанд ва ҳамроҳу ҳамқадаму ҳама?ида буданд. Ман боре аз забони устод калимаю ибораи "шогирд", "шогирди ман", "фалонӣ шогирди ман"-ро нашунидаам.

Устоди муаззам Шакурӣ табиатан як инсони ором, ҳалим, хоксору фурӯтан, беозору меҳрубон, камгапу дилзӯси мардум буданд ва ман каси дигареро мисли ӯ надидам. Домулло Турақӯл Зеҳнӣ мегуфтанд, ки ин сифатҳое, ки Муҳаммадҷон доранд, аз тарафи падари бузургвораш ба мерос мондааст, ҳарчанд, ки дар синни шашсолагӣ (соли 1932) аз сар бирафташ  падар. Вале ин сифатҳои азалию зотии падар дар сиришт, дар ниҳод ва дар ҳар як қатра хуни фарзанд дарҷ будааст. Таъриху тақдир ба устод
Шакурӣ ихтиёр надода буд, ки аз асилзодагӣ, аз наҷибзодагӣ, аз бузургвор будани ҳафт пушти хеш ифтихор карда, бо сари баланд байни мардум гардаду азизи дигарон бошад ва ҳатто боре бо овози баланд гӯяд, ки падару бобояш аз силки бузургон буданду чун устод Айнӣ бузургон тарбият мекарданд.

Як воқеа ҳеч  аз лавҳи хотирам дур намеравад. Соли 1968 дар толори филармонияи давлатӣ (ҳоло шабакаи телевизионии Сафина) Маҷлиси умумииттифоқии мунаққидони Шӯравӣ баргузор гардид ва дар рӯзи аввали фаъолияти он қабл аз он ки ба танаффуси нисфирӯзӣ равем, устод Соҳиб Табаров суханронӣ карда, дар охири суханашон ба унвони мудири шӯъбаи адабиёти Шӯрои Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёт Муҳаммадҷон Шакурӣ носазо гуфта, ба номи ӯ вожаи таҳқиромези "қозибача"  часпониданд.

Ба танафус баромадему муаллим ба Ҳамроқулу Ҷурахону ман гуфтанд:
-Биёед аввал шӯъба медароем, боз ягон кас маро интизор набошад, баъд хӯрокхӯрӣ меравем.
Ба шӯъба омадем, ки ҷавоне аз Ҷамъияти "Дониш"-и Тоҷикистон устодро  соатҳо интизор будааст ва сабаби интизориашро баён кард:

-Ҳамин китоби устод Табаров дар бораи устод Айнӣ ба дарёфти ҷоизаи  ҷамъияти "Дониш"-и умумииттифоқӣ пешниҳод шудааст ва маҷлиси ҷоизадиҳӣ пагоҳ соати даҳ дар Маскав доир мешудааст. Китобча ба забони тоҷикист. Гуфтанд, ки Шумо бояд онро хонда ба забони русӣ тақриз нависед ва ман онро бурда чоп карда ба хати сайри бегоҳии тайёраи Душанбе-Москва ба касе  фиристам, ки субҳ аз ҷаласаи ҷамъияти "Дониш" дер намонад.

Муаллим чизе нагуфта ман норизоӣ кардаму гуфтам, ки ҳозир устод Табаровро шунидем, ки ба унвони Шумо чиҳо гуфтанд, рафтем, хӯрокхӯрӣ.
Муаллим ба ман рӯ оварда гуфтанд:- Шумо ба ин корҳо ҳамроҳ нашавед, шумоён равед хӯрок хӯред, ман ҳоло дари ҳуҷраамро аз дарун қулф карда, ин хоҳишро иҷро мекунам.

Мо хӯрок хӯрдему ба маҷлис рафтем…
Пас аз чанд рӯз хабар расид, ки устод Табаров барои китобчаи дар бораи устод Айнӣ навиштаашон бо ҳамин тақризи аллома Шакурӣ сазовори ҷоизаи аввали ҷамъияти "Дониш"-и Иттиҳоди Шӯравӣ гардидаанд. Пас аз ин воқеа ҳам устод Табаров бадгӯию бӯҳтонҳои  хешро дар бораи Садри Зиёву устод Шакурӣ идома доданд… Роҷеъ ба аҳволу осори устод Шакурӣ бисёр навиштаанд, вале, ба пиндори ман, касе чун устод Лоиқ Муҳаммадҷони Шакурӣ ва пайкору користони ӯро дар қаламрави илму адабу фарҳанг ба ин умқу сатҳу фарохию дақиқӣ ва сӯзу дарду мотами афзун нашнохтаву дарку таъбир накардааст ва ин навиштаи пурдард сарсухан ба китоби "Хуросон аст ин ҷо" (1997) буда, хулосааш чунин аст: "Дар поёни ин чанд сухан он чи аз тору пуди китоби устод Шакурӣ баҳра гирифтам ва ба ин баҳона дардҳои воқеии имрӯзи тоҷикон, доду фарёдҳо, гиряҳои хомӯш ва фишорҳои фурӯхӯрдаи диламро дар як ғазал мӯя кардам ва он ғазалро ба ифтихори ҳафтодумин солрӯзи устоди гаронмоя тақдим медорам.  Маъмулан дар рӯзҳои  ҷашн ғазали шодӣ ва муборакбодӣ мегӯянд, аммо ман ғазали асафангез, ҳузномез ва гиряолуд гуфтам, зеро зиндагии мо имрӯз фурӯғи шодӣ надорад ва китоби устод ҳам ин нуктаро борҳо хотирнишон месозад:
Юсуфи АКБАРЗОДА

Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам,
Будӣ байтушшарафам, гаштаӣ байтулҳазанам?
Дӯст душманнасақу душмани ту дӯстнамост,
Рост гӯям, бипаронанд зи чашму даҳанам.
Тоҷик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст?
Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам?
Ҳама халқони дигар анҷуман оростаанд,
Дар Самарқанд нашуд сохта ним анҷуманам…
Гуфт алломаи Иқбол, ки бархез зи хоб!
Буздиле гуфт:-Фулонист мухотаб, на манам…
Он яке дар хуми тилло сари худ кард фурӯ,
Дигаре гуфт:- Биё, маҳваши симинзақанам…
Он яке гуфт ғами гову бузу бузғола,
Дигаре гуфт ғами хонаву фарзанду занам…
Донами кӯҳ гирифтему думи маркаби хеш,
Рафт аз даст ҳама домани дашту даманам.
Эй Хуросон, ту бигӯ, соҳати Эронвич ку?
Ман аз ин фоҷиа чун шиква ба Яздон накунам?
Ку дигар шаъшаъаи донишу фарҳанги бузург?
Ку дигар карру фару наъраи ғулғулфиканам?
Рӯзу шаб аз ғами ту гирякунон месӯзам,
Ту ба хун ғарқаю ман ғарқи малолу миҳанам.
Гиряи ман на аз он аст, ки даргоҳам сӯхт,
Ҳам на з-он аст, ки фарсуда бувад пираҳанам.
Гирям аз он ки туро ҳукм ба куштан карданд,
Эй ту ҳам появу ҳам мояи инсон буданам!
Гирям аз он ки зи бунмояи ин қисмати талх,
Ман сухан гӯям агар, нест касе ҳамсуханам.
Гирям аз он ки ба тарфои чунин фоҷиае
Нашавад хира кас аз ҳамнасабу ҳамватанам.
Гирям аз он ки ду-се бетарафи бешарафе
Ба сарам санг биборанд, ки ман дам назанам.
Гирям аз он ки ту танҳоиву ман танҳотар,
Ватанам, о ватанам, о ватанам, оватанам!..

Ҳар боре, ки Ортиқи Қодир ин ғазали мотами миллатро дар маҳфилу ҷамъомадҳо қироат мекард, муаллим мегиристанду мо ҳам. Бисёр мехостам, ки дар рӯзи ҷанозаи устод Шакурӣ Ортиқи Қодир ин ғазалро бо сӯзу дарди дар он ниҳон бихонаду мо бигирйем, вале ба ӯ сухан надоданд.

Бояд иқрор шуд, ки аз ибтидои солҳои шастуми садаи бист ба ин тараф ду бузургвор дар боло бурдани шуури миллӣ, ҳисси худогоҳию худшиносии миллии тоҷикон хидмати бузург карданд, ки яке дар илм Муҳаммадҷони Шакурӣ, дигаре дар олами шеър устод Лоиқи Шералист.

Кӣ медонад боз кай модари тоҷик чунин бузургон таваллуд мекунад?

Дигар ғамҳои мо падари меҳрубон надоранд, падари ғамҳои мо ин ҷаҳонро ҷовидон падруд гуфту мо бо ғамҳои хеш танҳои танҳо мондем…

2.11.2012.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)