Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:48

Намоишномаи «Ҳаёти косиб» дар намоишгоҳи зимистонаи косибон

30 ноябр 2012, 06:25

Дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе рӯзҳои 8-9-уми декабри соли равон ярмаркаи анъанавии зимистонаи косибон баргузор хоҳад шуд.

Тавре ба Озодагон Сарвиноз Ҳоҷиева, диретори Созмони ҷамъиятии «Иттифоқи косибони Тоҷикистон» иттилоъ дод, дар ярмаркаи мазкур намояндагон аз  Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Маркази фарҳангии «Бохтар», Анҷумани миллии тиҷорати хурду миёна ширкат мекунанд.

Ярмаркаи анъанавии зимистонаи косибон бо дастгирии намояндагии Созмони «СESVI» (КЕСВИ) дар Тоҷикистон ташкил мешавад.

Манбаъ мегӯяд, зимни баргузории ярмарка  намоишномаи «Ҳаёти косиб» дар иҷрои донишҷӯёни Коллеҷи давлатии бадеии ба номи Мирзораҳмат Олимов,  филмҳои «Санъату касб дар қуллаи ҷаҳон» ва «Мӯъҷизаҳои Шарқ» ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, мутриби маъруфи тоҷик Акбар Рӯзиев ва гурӯҳи ӯ ҳунарнамои худро пешкаши ширкаткунандагони ин чорабинӣ мегардонанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!