Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:36

Ба расмият шинохтани Фаластин аз ҷониби СММ

30 ноябр 2012, 07:44

Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид Фаластинро ба унвони кишвари нозири ғайриузв дар созмони мазкур ба расмият шинохт.

Зимни раъйдиҳие, ки дирӯз, 29-уми ноябр дар Маҷмаи умумии СММ баргузор шуд, 138 давлати дунё барои узвияти Фаластин ҳамчун кишвари нозири ғайриузв раъйи мусбат доданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин нишаст танҳо 9 кишвар раъйи мухолиф ва 38 кишвар аз додани раъй худдорӣ кардаанд.

Маҳмуд Аббос, раиси Фаластин, пеш аз раъйгирӣ  дар баромади худ иброз доштааст, ки Исроил онҳоро чандин маротиба таҳдид кард, то аз ин иқдоми пешгирифта даст бикашанд ва ҳамлаҳои 8-рӯзаи Исроил ба навори Ғазза, ки зиёда аз 163 кушта ва мунҷар ба 900 захмӣ шуд, аз қабили ҳамон таҳдидҳост.

Номбурда илова намудааст, ки Фаластин эъломияи ҳуқуқи башари СММ-ро эътироф ва ба он эҳтиром мегузорад ва давлати Фаластин бо пойтахти Қудси шариф ва сарзаминҳои ишғолии соли 1967 ташкил карда мешавад ва акнун вақти он расидааст, ки тамоми давлатҳои дунё рӯзи таваллуди давлати Фаластинро ба расмият бишиносанд.

Баъди ба расмият шинохтани фаластиниҳо аз ҷониби СММ ин кишвар минбаъд метавонад дар нишастҳои СММ ширкат намуда, мавқеи худро ҷиҳати шомил шудан ба дигар ташкилотҳои байналмилалии созмони мазкур баён намояд ва ҳамчунин ба Додгоҳи байналмилалӣ роҷеъ ба ҳар гуна беадолатӣ ва қонунвайронкунӣ зидди Исроил шикоят намояд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!