Бахшҳо

Баррасии дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ

Имрӯз, 30-юми ноябр дар шаҳри Маскави Русия анҷумани ХI-уми умумироссиягии «Профессия и здоровье» баргузр гардид.

Аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни ин нишаст масъалаҳо марбут ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар сатҳи байниидоравӣ ва байниминтақавӣ оид ба такмили механизми назорат ва мониторинги вазъи саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуданд.

Дар ҳамоиши мазкур таъкид гардидааст, ки  сарфи назар аз заминаи фаррохи меъёрию ҳуқуқӣ дар Русия як қатор мушкилот марбут ба дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хизматрасонии тиббӣ, ки ҳалли онҳо дар сатҳи байнимақомотӣ  зарур аст, мавҷуд мебошад.

Манбаъ мегӯяд, иштирокдорони мизи мудаввар масъалаҳои коркарду дарёфти усулҳои афзалиятноки таьсиси системаи назорат ва мониторинги вазъи саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ ва базаи ягонаи маълумот оид ба вазъи саломатии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро матраҳ карданд.

Аз ҷониби ширкаткунандагони чорабинӣ тарҳи пилотии таъсиси механизмҳои шаҳодатномадиҳии тиббӣ оид ба вазъи саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ маъқул дониста шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, лоиҳаи пилотӣ  назорати тиббӣ ва додани шаҳодатнома оид ба вазъи саломатии муҳоҷиронро дар ҳудуди кишварҳои худ қабл аз муҳоҷират пешбинӣ мекунад, ки дар ин ҳолат маблағ ва вақти муҳоҷирон сарфа шуда, раванди бо кортаъминшавии онҳо саҳл мегардад: «Ҳамчунин тибқи лоиҳа шаҳодатномаҳои тиббӣ дар ҳудуди давлатӣ қабулкунанда бояд эътироф шавад».

Дар нишсти мазкур олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии тибби меҳнати Академияи илмҳои тиббии Россия, намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, Раёсати Хадамоти федералии Русия, Вазорати тандурустии  Қирғизистон, намояндагии ташкилоти байналмиллалии муҳоҷират дар Маскав, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва коршиносони байналхалқӣ оид ба масоили иҷтимоӣ-иқтисодӣ ширкат намудаанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)