Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:14

ВКД: Ронанда аз ҷои ҳодиса ғайб зад

3 декабр 2012, 06:09

Шоми рӯзи гузашта, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум дар ноҳияи Турсунзода ду бародари ноболиғро пахш намуда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.

Тавре аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ин ҳодиса (рӯзи 2-уми декабри соли равон)  соати 17:00-дақиқа ба вуқӯъ пайвастааст: «Нақлиёти тамғаи номаълум, ҳангоми ҳаракат дар роҳи байни деҳаи Оқмачит ва рустои Эфироноси ноҳияи Турсунзода ноболиғон Алибек Мирзосафарови 14-сола ва Ҷасурбек Мирзосафарови 8-сола, сокинони ҷамоати деҳоти Пахтаободро, ки бо дучарха бо қисми рости роҳ ба самти деҳаи Эфиронос ҳаракат мекарданд, зер намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад».

Дар натиҷа, ноболиғон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.Барои муайян ва дастгир кардани ронандаву воситаи нақлиёт корҳои ҷустуҷӯӣ идома дорад.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!