Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:35

Бозори «Панҷшанбе»-и Хуҷанд ҳам моли арзон надорад

3 декабр 2012, 06:23

«АгроИнформ», як ташкилоти вижа, ки вазъи бозорҳои Тоҷикистонро меомӯзад, дар ин бора ба Озодагон иттилоъ дод.

Манбаъ афзуд, тоҷирони бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд дар қиёс ба бозори «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе як кило бодомро беш аз як маротиба  гарон мефурӯшанд: «Ба ҳисоби миёна нархи як кило бодом дар бозори «Панҷшанбе»    55 сомонӣ аст, ки ин нишондод дар бозори «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе баробар ба 26 сомонӣ мебошад».  

Ба қавли манбаъ, аз ҳама нархи гарони бодом пас аз бозори «Панҷшанбе» дар бозори марказии ноҳияи Рашт мушоҳида карда шуд, ки он ҷо як кило бодом ба нархи 50 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Дар бозори марказии шаҳри Исфара 45 сомонӣ, бозори марказии шаҳри Кӯлоб 26 сомонӣ ва бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа як кило бодом 25 сомонӣ   арзиш дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!