Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:55

Пирӯзии навбатии Комроншоҳи Устопириён. Ин навбат дар Русия

3 декабр 2012, 07:08

Варзишгари тоҷик  ғолиби сабқати кушодаи умумирусиягӣ оид ба дзюдо миёни ҷавонон гардид.

Тибқи иттилои Федератсияи гӯштини дзюдои Тоҷикистон, ин мусобиқа ба хотираи Григорий Веричев, қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ, бо ширкати варзишгарони синнашон то 23-сола аз Русия, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Челябинск баргузор шуд. Комроншоҳи Устоприён дар рақобатҳо дар вазни то 90 кг дар ҳамаи панҷ қувваозмоӣ бар рақибонаш пирӯзӣ ба даст овард ва мақоми аввалро касб кард.

Ҳамзамон, се паҳлавони дигари тоҷикистонӣ- Саидмухтор Раҳимов ва Қонун Охунов дар вазни то 73 кг ҷойҳои панҷум ва Рашид Зиёбеков дар вазни то 81 кг ҷойи 7-умро гирифтанд.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон гуштигирони ҷавони тоҷик дар айни ҳол дар Маркази омодагии олимпии Челябинск ҳамроҳ бо варзишгарони русиягӣ тамрин мекунанд.  

Маврид ба ёдоварист, Комроншоҳи Устопириён моҳи октябри соли равон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар Булғористон дар сабқати навҷавонон дар вазни то 90 килограмм пирӯз гашта, бо медали тилло мукофотонида шуда буд. Инчунин ӯ барандаи медали биринҷии мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи дзюдо миёни навҷавонон мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!