Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:36

ХБА: Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 6% афзойиш ёфтааст

17 июн 2011, 10:28

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон сарвари гурўҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, дар нишаст масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалии молиявӣ,  аз ҷумла дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар баррасӣ гардид.
Тодд Шнайдер аз натиҷаҳои кори гурўҳи Хазинаи байналмилалии асъор бо масъулини бахши иқтисодии Тоҷикистон, ки як ҳафта идома дошт, ахбор дода, аз ҷумла иброз намуд, ки беш аз 6% афзоиш ёфтани ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон  аломати барқароршавии иқтисодиёти он баъди бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ аст.
Қайд шуд, ки хазинаи байналмилалии асъор ва созмонҳою кишварҳои мададрасон таъсири болоравии нархи сўзишворӣ ва озуқа дар бозори ҷаҳониро ба иқтисодиёти Тоҷикистон пайваста зери назар доранд, то ки тадбирҳои муштараки саривақтӣ барои дастгирии рушд ва пешгирӣ аз тамоюлҳои номатлуби макроиқтисодӣ андешида шаванд.

 

 

 

 

{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!