Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:20

Боздошти ду мард бо иттиҳоми ғасби замин дар пойтахт

3 декабр 2012, 10:15

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни амалиёти махсус ошкор карданд, ки дар пойтахт бидуни асноди зарурӣ манзили зист бунёд гардидааст.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, дар пайи амалиёти  кормандони ШВКД ноҳияи Шоҳмансур муайян карда шуд, ки шаҳрванд Назаралӣ Шарипови 44 сола, сокини кӯчаи Қаротегини ноҳияи Шоҳмансур дар гузаргоҳи 3-юми кӯчаи Қаротегин, бе ягон ҳуҷҷати дахлдор 0,06-гектар қитъаи заминро худсарона ишғол намуда, ғайриқонунӣ манзили истиқоматӣ бунёд намудааст.

Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин ба ҳамин ҳодиса монанд аз ҷониби кормандони ШВКД  ноҳияи Сино-2 муайян карда шуд, ки шаҳрванд Баҳриддин Назарови 37 сола, сокини кӯчаи Камола, дар кӯчаи Қаротегин бе ягон ҳуҷҷати дахлдор, 10-гектар қитъаи заминро худсарона ишғол намуда, ғайриқонунӣ манзили зист сохтааст.

Феълан нисбати номбаршудагон парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!